ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, дар ҷараёни семинар ба кормандони муассиса вобаста ба омилҳои пайдоиши сирояти коронавирус, чорабиниҳои пешгирӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ маълумот пешниҳод шудааст.
Манбаъ афзуда, ки чунин семинарҳо вобаста ба омӯзиш ва пешгирии сирояти коронавирус дар муассисаҳои Вазорати тандурустӣ гузаронида мешаванд.
Гуфта мешавад, ки айни замон ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус тамоми шӯъбаҳои муассисаи мазкур бо либосҳои муҳофизатии зидди бемориҳои сироятии ниҳоят хавфнок ва дигар маводҳои тиббӣ таъмин мебошанд.
Маълум шуд, донишҷӯёни тоҷик дар Ухан чӣ ҳол доранд
"Бо мақсади пешгирии сирояти коронавирус дар муассиса ситоди корӣ таъсис дода шуда, ҳуҷраҳои махсус барои бистарӣ намудани беморони гирифтори бемориҳои сироятии ниҳоят хавфнок ҷудо карда шудааст", - омадааст дар хабарнома.
Дар доираи нақша-чорабинии Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус дар назди тамоми даромадгоҳҳои бинои Муассисаи давлатии "Маркази миллии тиббии Тоҷикистон "Шифобахш" маълумотнома ва тавсияҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ вобаста ба пешгирии коронавирус насб карда шудааст.