Ба иттилои баъзе аз коршиносон, дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ҳаҷми умумии пиряхҳо тақрибан ба 17 ҳазор км2 баробар мебошад, ки бештар аз 60 фоизи онҳо дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгиранд.
Дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор пиряхи хурду бузург мавҷуд аст, ки масоҳаташон ба 11146 км2 баробар аст ва ин нишондиҳанда 8 дарсади ҳудуди кишварро дар бар мегирад.
Пиряхҳо асосан дар Помири Шимолию Ғарбӣ ва кӯҳистони Ҳисору Олой воқеъ гардидаанд. Бештари пиряхҳо дар баландиҳои 3000-3500 то баландиҳои 3500-5300 м ҷой гирифтаанд.
Захираи умумии ях дар пиряхҳои кишвар ба 845км3 баробар буда, пиряхҳои хурд бо масоҳати 1км2 танҳо 20 фоизи шумораи умумии пиряхҳои кишварро ташкил менамоянд, вале 85 фоизи ҳаҷми ях дар онҳо мутамарказ гардидааст.Дар пиряхҳои кишварамон 456,9 километри мукааб об захира шуда, соле ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 километри мукааб об медиҳанд, ки дар давоми 12 сол аз тамоми дарёҳои Осиёи Миёна ҷорӣ мегардад, баробар аст.
Дар Тоҷикистон пиряхҳои бузургтарин аз қабили Федченко (651,7км2), Грумм-Гржимайло (143км2), Гармо (114,6 км2) ва даҳҳо пиряхҳои дигар, ки зиёда аз 30 км2-ро фарогиранд дар нуқтаҳои баландтарини Тоҷикистон Исмоили Сомонӣ (7495м) ва Абу Алӣ ибни Сино (7134м) ҷойгир мебошанд.
Пиряхи Федченко яке аз калонтарин пиряхҳои дунё ба шумор рафта, дарозии он 77 км ва бараш аз 1700 то 3100 метрро ташкил медиҳад. Пирях аз нишемангоҳи қуллаи Инқилоб дар нишебии шимолии қатораҳои Язғулом ибтидоъ гирифта, то ба дарозии қатораҳои шарқии Академияи илмҳо идома меёбад. Ғафсии ях дар қисмати мобайнии пирях 1000 метр ва масоҳати умумии яхбандишуда ва барфтудаҳо 992 км2-ро ташкил медиҳанд.
Нуқтаи болоии пирях дар баландии 6280 метр ва қисмати поёнии он дар масоҳати 2900 метр ҷойгир буда, баландии хати барфӣ 4650 метрро ташкил менамояд.