Компютер нест, ки назорат кунем: чӣ тавр метавон “кулоҳаки яхӣ”-и Тоҷикистонро ҳифз кард

© Sputnik Горы Памира
Горы Памира - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдулҳамид Қаюмов, роҳбари Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳо”-и Академияи илмҳои Тоҷикистон, Абдулҳамид Қаюмов гуфт, Тоҷикистон барои дар самти таҳқиқоту омӯзиши пиряхҳо чӣ корҳоро анҷом медиҳад

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik.  Вазъи пиряхҳо ҳукуматҳои тамоми ҷаҳонро нигарон кардааст. Кулоҳаки яхии замин бо суръат об мешавад ва аксари кишварҳо барои ҳифзи баробарии вазъи экологӣ дар курраи замин иқдомҳои назаррас анҷом медиҳанд.

Абдулҳамид Қаюмов, роҳбари Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳо”-и Академияи илмҳои Тоҷикистон, вазъи имрӯзаи “Кулоҳаки яхӣ”-и Тоҷикистонро шарҳ дод.

Ледники на Памире, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пиряхшинос: гармоиши ҷаҳонӣ ягона иллати об шудани пиряхҳои Помир нест

“Дар ҳоли ҳозир, мо дақиқ кардем, ки дар тамоми қаламрави Тоҷикистон тамоюли ягонае вуҷуд надорад: дар баъзе минтақаҳо обшавии шадиди пиряхҳо дар баъзе минтақаҳо, коҳиши шадиди обашавии пиряхҳо муҳшоҳида мешавад. Ҳатто дар баъзе минтақаҳо пиряхҳои нав ташкил шудааст”, – гуфт Қаюмов.

Вай гуфт, бидуни технологияи нав пешгирии ин ҷараён ғайри имкон аст. Коршинос илова кард, ки бо ташаббуси ҳукумати Тоҷикистон ва Академияи улуми кишвар маркази ӯ аз компютерҳои пуриқтидор бархурдор шудааст. Компютерҳои нав ба онҳо имкон медиҳад, ки маълумоти бештарро дар бораи вазъи иқлими кишвар таҳқиқот кард.

Бо кумаки  технологияҳои нав ва ҳавопаймоҳои бесарнишин Маркази омӯзиши пиряхҳои кишвар ба таври фосилавӣ пиряхҳои Помирро назорат кунад. Ба ҳамин хотир, Тоҷикистон ба низоми ягонаи мониторинги пиряхҳо ворид шуда, дастовардҳои худро дар ин самт дар сатҳи байналмилалӣ ҳифз намудааст.

Қаюмов илова кард, ки бо маблағгузории иловагӣ ва зиёд намудани иқтидорӣ таҷҳизот, Маркази омӯзиши пиряхҳо имкон дорад на танҳо пеш аз муҳлат балки маълумоти дахлдоро дар бораи пиряхҳои Тоҷикистон, дар шакли онлайн пешниҳод намояд    

“Дар шарқи Помир пиряхҳо суст об мешаванду вазъи онҳо муътадил аст, аммо дар минтақаи Кофарниҳон ва Варзоб обшавии шадид ба назар мерасад. Дар қисмати марказ ва шарқи Помир ҳатто пиряхҳои нав пайдо шудаанд”, - гуфт коршинос.

Пиряхҳои Помир. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Пиряхҳои Тоҷикистон 140 метр пасттар шудаанд

Инчунин, Қаюмов таъкид дошт, ки дар замони иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 8 ҳазор пиряхҳо ба қайд гирифта шуда буд.

“Тибқи феҳрасти пиряхҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз солҳои 1950 то 1980 теъдоди пиряхҳо дар қаламрави Тоҷикистон 8492 ададро ташкил медод. Аммо маълумоти баъдь бисёр тағйир ёфтааст. Дар ҳоли ҳозир теъдоди онҳо метавонад ба 14 ҳазор расад”, - таъкид дошт Қаюмов.

Вай гуфт, муайян кардани маълумоти дақиқ дар бораи пиряхҳои Тоҷикистон яке аз вазифаҳои аслии марказ мебошад.

Ҳамзамон, коршинос гуфт, ки дар ояндаи наздик Маркази омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон китоби 12 ҷилдаеро ба чоп хоҳад расонд, ки дар он маълумоти пурра дар боари вазъи пиряхҳо дар кишвар интишор хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0