ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Зиёӣ Хуршед Махшулзода, раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд 58 нафар донишҷӯйи тоҷик бо талошҳои Тоҷикистону Русия аз шаҳри Вуҳани Чин берун оварда мешаванд.
Раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод изҳор дошт.
Ин дар ҳолест, ки дирӯз Саид Олимзода, вазири тандурустии кишвар ва Рустам Назарзода, раҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда зикр карданд, ки ин масъала дар сатҳи ҳукумат қарор дошта донишҷӯёни тоҷик имрӯз бояд вориди Тоҷикистон шаванд.
Ба гуфти стратеги рақами як, пайдоиши “коронавирус” нишон дод, ки сайёраи мо хело хурд аст ва ҳангоми пайдоиши як беморӣ аз як минтақа ба минтақаи дигар осон мегузарад ва омӯзишҳо нишон дод, ки ин масъала на танҳо ҷанбаи саломативу сиҳатмандӣ ҳатто ҷанбаи ахлоқиву фарҳангиву нажодӣ низ дорад: “Дар баъзе давлатҳо ҳатто муқобили он нафароне, ки ба ин вирус гирифтор шудаанд ё намояндаи як миллат ҳастанд, корҳои зиддиахлоқиву нажодпарастӣ сурат мегирад. То имрӯз чанд намуди вирус буд, инсоният дар дастаҷамъӣ онро пушти сар кард ва ин ҳам мегузарад”.
Номбурда гуфт, алоқаҳои иқтисодӣ бо Чин қатъ намегардад ва он бо риояи тамоми талаботи тандурустӣ идома меёбад.