ДУШАНБЕ, 11 февр — Sputnik. Пас аз паҳн гардидани сару садоҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бобати олуда будани банан аз "вируси тоҷдор", дар Узбакистон нархи он бесобиқа коҳиш ёфтаст, хабар медиҳад Podrobno.uz.
Омили асоси ҳарос доштани одамон аз хариди банан, ин паҳн шудани маълумот дар бораи олуда будани он ба "вируси тоҷдор" мебошад. Узбакистониҳо бар ин назаранд, ки агар ин навъ мева берун аз Чин ҳам парвариш шавад, он олудаи вируси мазкур аст ва инсонро зуд сироят мекунад.
Духтари чинӣ аз хамир тарбузу, банану лиму омода мекунад – Навор
Зимнан, пас аз баланд шудани сару садоҳо дар мавриди хатарзо будани истеъмоли банан, Вазири тандурустии Узбакистон дар муроҷиати расмӣ ба шаҳрвандони кишвар шарҳ дод, ки хӯрдани банан зиён надорад ва истеъмоли он одамро ба ҳеҷ ваҷҳ гирифтори маризии "вируси тоҷдор" намекунад.
Вазири тандурустӣ бо такя ба маълумоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфт, ки маризии "вируси тоҷдор" танҳо аз нафари сироятёфта ва ҳайвонҳо ба одам мегузараду халос.
"Маводи озӯқаворӣ новобаста аз макони истеҳсолашон, инсонро гирифтори ин маризӣ карда наметавонад", - омадааст дар хабар.
Нобоваста аз шарҳи Вазорати беҳдошти Узбакистон ва иттилооти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бобати ин маризӣ, шаҳрвандони узбекистониро ҳамоно тарс фаро гирифтаст ва онҳо аз харид кардани банан худдорӣ мекунанд.
Агар қаблан арзиши банан дар Узбакистон 2,6 доллар буд, ҳоло нархи он то 1 доллар ва аз ин ҳам поинтар коҳиш ёфтаст.