ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Дар пайи ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳҳои низомии Амрико дар Ироқ 109 низомии амрикоӣ маҷрӯҳ шудаанд, хабар додааст дафтари матбуоти Пентагон.
Дар ҳамин ҳол, 27 низомии амрикоиро барои ташхиси фарохтар ба Олмон равон кардаанд.
Шаби 2 ба 3 январ, Вашингтон дар ҳудуди фурудгоҳи байналмилалии Ироқ амалиёти вижа анҷом дод ва генерали эронӣ Қосим Сулаймониро кушт.
Дертар Амрико эълон кард, ки Сулаймонӣ дар ташкили бесарусомониҳо дар сафорати Амрико дар охирҳои соли 2019 дар Ироқ даст дошт.
Эрон дар назди мардумаш ваъда дод, ки қасди куштори Сулаймониро аз Амрко мегирад. Кишвар шаби 8 январ ба ду пойгоҳи низомии Амрико дар Ироқ зарбаи мушакӣ зад.
Эрон пойгоҳҳои низомии Амрикоро дар Ироқ ҳадаф қарор дод
Ҳукумати Эрон эълон кард, ки дар пайи ҳамла 80 нафар ҳалок шуданд, аммо Амрико дар посух хомӯширо ихтиёр кард.
Дертар, низомиёни Амрико иқрор карданд, ки дар пайи ҳамла чанде маҷрӯҳ шудаанд. Аммо шумораи онҳо то рафт зиёдтар мешавад. Пештагон гуфт, ки "контузия" ё осеби сар дер аз худ дарак медиҳад.