ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Низомие, ки бо фармони ӯ ҳавопаймои мусофирбари украинӣ дар Эрон бо ду мушак сарнагун шуд, дар зиндон қарор дорад, изҳор намуд Вазири умури хориҷии ин кишвар Муҳаммад Ҷавод Зариф аснои сӯҳбат бо нашрияи Spiegel.
"Расо 32 сол пеш Амрико ҳавопаймои мусофирбари Эронро сарнагун кард ва то ҳол расман аз Эрон барои ин амалкарди худ пӯзиш напурсид. Баръакс, сарбози амрикоӣ, ки масъули суқути ҳавопаймои Эрон буд, ҳатто бо медал сарфароз гардонда шуд. Ин дар ҳоле, ки гумонбари сарнагун шудани ҳавопаймои украинӣ аллакай дар маҳбас аст", - афзудаст Ҷавод Зарифӣ.
Зимнан, Вазири умури хориҷии Эрон ба суоли он ки чаро мақомоти ин кишвар фавран масъулияти суқути ҳавопайморо ба зиммаи худ нагирифтанд, чунин посух дод:
"Мо бехабар мондем. Танҳо бо гузашти ду рӯз аз ин ҳодисаи нангин, аз иштибоҳи бузурги сарбози худ огоҳ шудем".
Ҷавод Зариф изҳор намуд, ки барои таҳқиқи мунсифони ин ҳодисаи даҳшатбор мо ҷониби намояндагони Украинаро низ таклиф намудем, бигзор ҳама ошкоро сурат бигирад.
Ёдовар мешавем, ки ҳавопаймои Boeing-737- и украинӣ субҳи 8 – уми январ дар Эрон суқут кард.
Боздошти чанд гумонбар дар суқути ҳавопаймои украинӣ дар Эрон
Ҳавопаймо аз фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон ба ҳаво бархост, вале бо гузашти ҳамагӣ 4 дақиқа аз родар нопадид ва суқут кард, ки дар натиҷа дасти кам 176 нафар, 168 сарнишин ва 9 халабони ҳавопаймо ба ҳалокат расиданд.
Маълум гардид, ки савори ин ҳавопаймо шаҳрвандони 7 кишвар аз қабили Эрон, Украина, Канада, Шветсария, Афғонистон, Британияи Кабир ва Олмон буданд.
Ҳасан Рӯҳонӣ раисҷумҳури Украина ба ҳамтои украинии худ Владимир Зеленский дар робита ба суқути ҳавопаймои Boeing-737 тамос гирифт ва расман барои ин иштибоҳи бузург бахшиш пурсид.