КҲФ: ҷустуҷӯи ҷасади Мино ва Назокат ҳанӯз идома дорад

© Sputnik / Стас ЭтвешТонущий человек, архивное фото
Тонущий человек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мино ва Назокат, ду сокини вилояти Суғд, ки баҳор ва тирамоҳи соли 2019 дар об ғарқ шуда буданд, то ҳол ҷустуҷӯ мешаванд

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофияи гражданӣ дар Суғд дар бораи раванди корҳои ҷустуҷӯи ҷасадҳо дар Фондарё ва руди Зарафшон иттилоъ дод.

Масъулони ин ниҳод зимни нишасти матбуотӣ дар бораи ҳодисаҳои ғарқшавии сокинон дар кӯлу дарёву обанборҳои ҳудуди вилоят иттилоъ дода, таъкид намуданд, ки то ҳол ҷасади Мино Шарифоваи 5 сола ва Назокат Муҳаммадиеваи 84 сола, аз даруни об пайдо карда нашудааст.

Природа Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боқимондаҳои ҷасади сайёҳи рус, ки дар рӯди Хингоб ғарқ шуда буд, пайдо гардид

Ҳодисаи ғарқшавии ин ду нафар, ки гуфта мешавад яке сокини деҳаи Рӯдакӣ дар шаҳри Панҷакент ва дигаре сокини ҷамоати Фондарёи ноҳияи Айнӣ дар баҳор ва тирамоҳи соли 2019 рух додааст.

Ба иттилоъи Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, моҳи майи соли 2019, модари Мино ӯ ва як кӯдаки дигарашро гирифта, худро ба дарёи Зарафшон партофта ғарқ шудааст.

Ҷасади зан ва як кӯдакаш аз поёноби дарёи Зарарфшон пайдо карда шуда, вале ҷасади Мино, ҳанӯз дарёфт нашудааст.

Аробакаши шуҷоъ аз ноҳияи Вахш кӯдаки 3 соларо аз марг наҷот дод

Анвар Қосимов, муовини сардори Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофияи гражданӣ дар Суғд гуфт, Назокат Муҳаммадиева, сокини ноҳияи Айнӣ дар моҳи сентябри соли гузашта аз беэҳтиётӣ ба Искандаркӯл ғарқ шудааст.

Дар Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқуллода гуфтанд, ки ҳоло ба ҷуз Минои 5 сола, ҷасади Назокати 84 сола ҳам ҷустуҷӯ мешавад.

"Дар ҳудуди ин кулу дарё ҳам пиёда ва ҳам тавассути қоиқҳо якчанд маротиба корҳои ҷустуҷӯи гузаронида шуд. Вале муттасифона ҷасадҳо ёфт нашуд. Мо корҳои ҷустуҷӯӣ то ҳоло идома доранд. Дар ин минтақаҳо мо наҷотдиҳандагони ихтиёрӣ дорем, онҳо ҳамарӯза корҳои назоратӣ ҷустуҷӯи мебаранд",- гуфт Анвар Қосимов.

Ба иттилоъи Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқуллода соли 2019, бо сабабҳои гуногун 94 ҳодисаи ғарқшавӣ дар кӯлу руду обанбанҳои шаҳру навоҳии вилоят ба қайд гирифта шудааст.

Человек в воде - Sputnik Тоҷикистон
Дар Хатлон 10 нафар дар дарё ғарқ шудаанд

Аз ин шумора 46 нафар аз сӯи дастаи зудамали ғаввосон, наҷот додашуда, вале 48 нафари дигар дар пайи ғарқшавӣ ба ҳалокат расидаанд, ки ҷасади 46 нафари онҳо аз об берун оварда шудааст. Ин шумора назар ба соли 2018, зиёд гуфта мешавад.

Пешгирӣ аз ҳодисаи худкушӣ: ҷавони 25- сола хост худро ба рӯди Сурхоб партояд

Дар умум дар пайи рухдоди 769 ҳодисаи фавқуллода, 169 сокини Суғд дар соли 2019 ҷон додаанд.

Аз ҳисоби ҳолатҳои рухдоди ҳодисаҳои фавқуллода ба иқтисоди вилояти Суғд 15 милиону 678 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.

Лентаи хабарҳо
0