Дар Хатлон 10 нафар дар дарё ғарқ шудаанд

© PixabayЧеловек в воде
Человек в воде - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Давоми 6 моҳи соли ҷорӣ дар кулу дарёҳои вилояти Хатлон 10 нафар ғарқ шуданд, ки аз ин шумора 6 нафарашро ноболиғон ташкил медиҳанд

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Дар ин бора Сулаймон Исозода, сардори  Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар нишасти матбуотӣ хабар додааст.

Объявление купаться запрещено, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
КҲФ: то 9 июли соли равон 28 ноболиғ ғарқ шудааст

Бар хабари Исозода дар кулу дарёҳои ҳудуди вилоят ҳангомӣ оббозӣ 10 нафар ғарқ шуданд.

Ҷавоне дар талоши наҷоти дӯсташ ҷон дод: афзоиши қурбониёни шиноварӣ дар Тоҷикистон

Аз миёни нафарони ғарқшуда, ҷасади сокини ноҳияи Кӯшониён, ки 21 июни соли ҷорӣ ғарқ шуда буд, пайдо нагардидааст.  

Ба гуфти ин манбаъ дар ҳамин давраи соли гузашта дар кулу дарёҳои вилоят 13 нафар шаҳрвандон ғарқ шуда буданд.

Дар Тоҷикистон аз оғози тобистон аллакай 64 нафар ғарқ шудаст

Ӯ омили асосии ғарқшавиро дар кам будани ҳавзҳои шиноварӣ, бемасъулиятии падару модарон ва риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ аз ҷониби шаҳрвандон арзёбӣ кард.

Дар Душанбе ноболиғи 17- сола худро ба дарё партофта, худкушӣ кард

Ба хотири пешгирӣ аз ғарқшавии сокинон кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граджанӣ дар вилояти Хатлон миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро пурзур кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0