ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Сафар Сафолови 81-сола, ки беш аз 50 соли умрашро сарфи хизмати мардум кардааст, хабар дод Носирҷон Маъмурзодаа, сардори Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.
Ба иттилои манбаъ, Сафолов тӯли солҳои гуногун ба сифати мутахассиси раёсати обёрии ноҳияи Вахш, сардори ПМК-43, сардори системаи обёрии ноҳияи Коммунистӣ (имрӯза Кӯшониён), сардори иттиҳодияи истеҳсолии таъмиру истифодабарии мелиоративии Қӯрғонтеппа, муовини сардори хоҷагии ёрирасонии идораи давлатии хоҷагии об, сардори идораи давлатии хоҷагии оби ноҳияи Қумсангир кор кардааст. Меҳнати софдилонаи ӯро Ҳукумати мамлакат бо унвони ифтихории “Корманди шоистаи Тоҷикистон” қадрдонӣ намудааст.
Дар идомаи сафари кориаш Қурбон Ҳакимзода ба дидорбинии собиқадори меҳнат Ҷумъаев Оқилҷон Муъминович рафтаст. Ба иттилои шуъбаи иттилооти дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, Оқилҷон Ҷумъаев соли 1940 таваллуд ёфта, аз 59 соли собиқаи умумии кориаш 37 солашро дар соҳаи ҳарбӣ сипарӣ намудааст.
Полковники мустаъфӣ О. Ҷумъаев хатмкардаи омӯзишгоҳи ҳарбии шаҳри Ленинград (Санкт-Петербург) дар соли 1963 буда, то соли 2002 ба ҳайси командири қисми ҳарбӣ дар шаҳри Череповетси Русия, ҷонишини комиссари ҳарбии шуъбаи дуюми шаҳри Хуҷанд, комиссари ҳарбии ноҳияи Дарвоз (собиқ ноҳияи Қалъаи Хумб), комиссари ҳарбии ноҳияи Спитамен (собиқ Нов), комиссари ҳарбии ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ (собиқ Куйбишев), комиссари ҳарбии ноҳияи Вахш, сардори шуъбаи навташкили Вазорати мудофиа фаъолият кардааст.
Манбаъ афзуд, ки алҳол 80 сол дошта, ба сифати омӯзгори фанни омодагии дифои ҳарбӣ дар МТМУ №2-и ноҳияи Вахш кор мекунад. Барои заҳматҳояш бо зиёда аз 20 медал сарфароз гардонида шудааст.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зиндагии муштараки беш аз 50-солаи Оқилҷон Ҷумъаев ва завҷааш Клара Ҷумъаеваро намунаи ибрати ҷавонон номида, ба онҳо рӯзгори хушу саломатии бардавом таманно кардаст.
Ба хонаводаи собиқадорони меҳнат Сафар Сафолов ва Оқилҷон Ҷумъаев аз номи раиси вилоят маводи ғизоӣ, аз қабили гӯшту равған, орд, макарон, картошка, пиёз, сабзӣ ва кумакпулии якдафаъина тақдим карда шудаст.