ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, беҳтаринҳо, ҳамчунин дар бахшҳои лигаи наврасон, лигаи бонувон, лигаи ҷавонон, лигаи якум ва олӣ, миёни собиқадорон ва ғайра муайян шуданд.
Миёни лигаи наврасон “U-15”, беҳтарин бозингар – Далер Маҳатов ва беҳтарин мураббӣ – Ҷомихон Муҳиддинов, ки ҳарду аз Мактаби варзишии махсуси футбол, чавгонбозӣ ва аспсавории вилояти Суғд мебошанд, эълон гардиданд.
Дар лигаи наврасон, “U-17” беҳтарин бозингар – Амирҷони Фаррухзод ва беҳтарин мураббӣ – Ҷавҳаршоҳ Шоҳғиёсов аз тими “Равшан” дониста шуданд.
Дар U-18, беҳтарин бозингар – Алиҷони Айнӣ ва беҳтарин мураббӣ – Аҳлиддин Турдиев аз Академияи футболи ФФТ эълон шуданд.
Дар лигаи аввал беҳтарин мураббӣ – Зайниддин Раҳимов - “Локомотив-Помир” ва беҳтарин бозингар – Тоҳир Маладӯстов – “Барқчӣ”, дар ҳайати Лигаи олӣ беҳтарин дарвозабон – Рустам Ятимов («Истиқлол»), беҳтарин ҳимоятгар – Давронҷон Эргашев («Хуҷанд»), беҳтарин нимҳимоятгар – Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»), беҳтарин ҳамлагар – Шериддин Бобоев («Истиқлол»), беҳтарин довар – Насрулло Кабиров (Норак), беҳтарин мураббӣ – Виталий Левченко («Хуҷанд») ва беҳтарин бозингари сол – Алишер Ҷалилов («Истиқлол») арзёбӣ гардиданд.