ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik.Як манбаъ дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, даст кашидани онҳо аз таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ва рӯ оварданашон ба донишгоҳҳои ватани худ дар пайи даъвати президент Шавкат Мирзиёев сурат мегирад, ки аз донишҷӯёни кишвараш даъват кардааст, таҳсили худро дар Ӯзбекистон идома диҳанд.
"Дар ҳоли ҳозир мо ба ҳудуди 2,5 ҳазор донишҷӯи ӯзбекистонӣ транскрипт ё маълумотномаи академикӣ додем, ҳамчунон дафтарчаҳои имтиҳонатошонро низ таслим кардем, то тавонанд ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузариш ба донишгоҳҳо худ дошта бошанд", - гуфт манбаъ.
Ҳамчунин ба Sputnik Тоҷикистон дар Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ низ таъйид карданд, ки дар лаҳзаҳои таҳия шудани ин гузориш, бегоҳии рӯзи шанбе, 8 - уми феврал теъдоди бузурге вз донишҷӯёни ӯзбекистонӣ дар даромадгоҳи Шӯъбаи байналмилалии донишгоҳ дар навбат истодаанд.
Бино ба иттилои манбаъ, теъдоди донишҷӯёни ӯзбекистонӣ дар ин донишгоҳ ҳудуди 100 нафар дар шӯъбаи рӯзона ва 500 нафар дар шӯъбаи ғоибонаро ташкил мекунад. Бино ба ахбори расонаҳои Ӯзбекистон, вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси он кишвар аз донишҷӯёни ин кишвар, ки дар ҳамсоякишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон таҳсил мекунанд, даъват кардааст, ба ватан баргарданд ва бидуни супоридани имтиҳон ва дигар талаботу санҷиш таҳсили худро дар донишгоҳҳои Ӯзбекистон идома диҳанд.
Бино ба ин манобеъ, дархости донишҷӯён дар Ӯзбекистон аз 7 то 15 феврал пазируфта мешавад. Донишҷӯён барои ин бояд танҳо нусхаи шиноснома, ариза барои гузариш ва ҳамчунин дафтарчаи имтиҳонотро пешниҳод кунанд.
Аммо онҳо дар Ӯзбекистон низ бар асоси шартномаи пулакӣ таҳсил хоҳанд кард, тавре ки дар Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон таҳсил мекунанд. Тибқи иттилои расмӣ, танҳо дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон 4000 донишҷӯйи ӯзбекистонӣ таҳсил мекунанд. Ҳамчунин, беш аз 140 нафари дигар дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон таҳсил доранд.
Дар посух ба Sputnik Тоҷикистон, масъулини ин донишгоҳ гуфтанд, ки алъон дар ин маврид ҳеҷ дархостеро дарёфт накардаанд. Ҳамзамон дақиқ нест, ки теъдоди донишҷӯёни ӯзбекистонӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чӣ қадар аст.
Масъулини ин донишгоҳ ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ба далели пеш омадани рӯзҳои истироҳат – шанбеву якшанбе то ба ҳол дархостеро нагирифтаанд. Дар ҳамин ҳол, бино ба ахбори расонаҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон аз додани ҳуҷҷатҳои донишҷӯёни ӯзбекистонӣ худдорӣ кардаанд, чун ҳамаи онҳо бо шартномаи пулакӣ таҳсил мекунанд ва рафтани саросарии онҳо ба буҷаи донишгоҳҳо зарба хоҳад зад.