Танҳо дар як Донишкадаи Тоҷикистон наздик ба 500 донишҷӯ аз Узбакистон дохил шуданд

© Российско-Таджикский (славянский) университетСтуденты на выставке-презентации "Образование в России старт успешного будущего"
Студенты на выставке-презентации Образование в России старт успешного будущего - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов 495 донишҷӯ аз Узбакистон ба таҳсил фаро гирифта шуданд

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Тавре Шодӣ Сафаров, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов қайд кардааст дар соли сипаригардида дар Донишкада дар соли хониши 2019-2020 495 нафар шаҳрванди ҷумҳурии ҳамсояи Узбакистон ба сифати донишҷӯ дар факултаҳои гуногун шомил шуданд. 

Зажжение газовой конфорки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон тасмим дорад дар соли равон аз Узбакистон бештар гази табиӣ харад

Вай афзуд, ин раванд баъд аз хуб шудани робитаҳои дӯстона миёни ду давлат сурат гирифтааст.

Шодӣ Сафаров дар нишасти матбуотӣ гуфт, имтиҳоноти соли хониши ҷорӣ дар ҳарду низоми таҳсил (кредитӣ ва фосилавӣ) тарзи қабули санҷишу имтиҳонҳоро дар маркази машваратии назди донишкада роҳандозӣ шуд ва  92,7 дарсади донишҷӯён дар имтиҳонҳо иштирок намуданд.

Ҷамъбасти санҷишу имтиҳонҳо нишон дод, ки донишҷӯён нисбат ба давраи соли 2018 натиҷаи хуб нишон дода, маҳорати худро дар кафедараҳои варзишӣ хуб натиҷагирӣ намуданд.

Ҳамзамон зимни нишаст аз ҷониби ректори донишкада иттилоъ дода шуд, ки дар донишкада 18 кафедра ва 5 деканат фаъолият менамоянд.

Лентаи хабарҳо
0