Муҳриддин ба донишҷӯёни тоҷик дар хориҷа: ба Тоҷикистон бозгашта хизмат кунед

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкСтуденты в аудитории МПГУ, архивное фото
Студенты в аудитории МПГУ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муҳриддин ба донишҷӯён ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Малайзия таҳсилу фаъолият менамоянд, муроҷиат карда гуфтааст, ки бояд дар чорабинии муҳими сиёсӣ ва тақдирсоз фаъолона иштирок намоянд

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Дар доираи сафари расмӣ ба Малайзия, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Куала Лумпур вохӯрӣ намуд.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки Сироҷиддин Муҳриддин оид ба дастовардҳои солҳои охири Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиёт, обу энергетика, саноат, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маълумот дода, аз ҷавонон даъват кардааст, ки ҳамчун мутахассисони бо маълумоти сатҳи байналмилалӣ дар пешрафти Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд.

Вазир гуфтааст, ки соли 2020 барои ояндаи Тоҷикистон ва мардуми он соли муҳим аст.

Закрытые магазины в Ухане, Китай - Sputnik Тоҷикистон
Маълум шуд, донишҷӯёни тоҷик дар Ухан чӣ ҳол доранд

"Аввали моҳи март интихоботи вакилони Парлумони Тоҷикистон ва охири соли 2020 интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд", - таъкид кардааст ӯ.

Кор барои донишҷӯён: дар Маскав чигуна дар баробари таҳсил метавон кор кард

Вазир ба донишҷӯён ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Малайзия таҳсилу фаъолият менамоянд, муроҷиат карда гуфтааст, ки тамоми шаҳрвандони Точикистон дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ ва тақдирсоз бояд бо ҳисси баланди ватандӯстию масъулиятшиносӣ фаъолона иштирок намоянд.

Ташвиши Аҳмадзода аз бозгашти ҷавонон ба мадрасаҳои хориҷӣ ба далели бекорӣ

Лентаи хабарҳо
0