Маълум шуд, донишҷӯёни тоҷик дар Ухан чӣ ҳол доранд

© REUTERS \ Instagram / EmiliaЗакрытые магазины в Ухане, Китай
Закрытые магазины в Ухане, Китай - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Донишҷӯёни тоҷик, ки феълан дар Ухани Чин ҳастанд, бо хӯроки бепул таъмин буда, дар хобгоҳашон қарор доранд

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Бино ба маълумоти охир, феълан дар Ухани Чин-маркази пайдоиши вируси "тоҷдор" 43 донишҷӯи тоҷик боқӣ мемонад.

Дар Ухани Чин 61 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунад, ки 18 нафари онҳо дар давраи таътили зимистона ба Ватан бозгаштаанд

Дар ин бора, рӯзи 31 январ Илҳом Камолзода - мудири Раёсати муносиботи байналмилалии Вазорати маорифии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфт.

"Тибқи маълумоти охир феълан дар Ухан 43 донишҷӯи тоҷик қарор дорад", - гуфт ӯ.

"Бархе аз донишҷӯёни тоҷик дар таътили зимистона, ки ду моҳ идома мекунад ба Тоҷикистон бозгаштанд. Бино ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Чин, бештари донишҷӯёни тоҷик дар Ухан дар се донишгоҳ: Донишгоҳии давлатии Ухан, Донишкадаи геологӣ ва Донишгоҳи технологӣ таҳсил мекунанд", - қайд кард Камолзода.

Ба гуфти Камолзода, донишгоҳҳо аз рӯи реҷаи вижа кор мекунанд.

"Барои донишҷӯёни мо хӯроки бепул дода мешавад. Феълан онҳо дар ҳуҷраҳои худ дар хобгоҳашон қарор доранд. Мо дар бораи бозгардонии онҳо чизе гуфта наметавонем. Сафорат барои интиқоли донишҷӯёни тоҷик аз Чин чораандешӣ мекунад", - илова кард ӯ.

Вазири маорифи Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомзода илова кард, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик, ки дар Чин қарор доранд, таҳти назорати Ҳукумати кишвар ҳастанд ва ин масъала дар маҷлиси ҳукуматӣ баррасӣ шудааст.

Тест-системы для диагностики нового коронавируса  - Sputnik Тоҷикистон
Русия барои ташхиси вируси "тоҷдор" ба Тоҷикистон таҷҳизот медиҳад

Дар баробари ин ВУХ Тоҷикистон аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Чин қарор доранд дархост кард, киаз худ дарак диҳанд ва бо сафорати Тоҷикистон дар тамос шаванд.

"Аз ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Чин қарор доранд, дархост мешавад, ки маълумот ва ному насаби худро ба Сафорати Тоҷикистон дар Пекин аз тариқи почтаи электронии tajembbeijing@mfa.tj ё рақамҳои телефони зерин пешниҳод кунанд: +8618511786686(Суҳроб Қодиров), +8618514270747 (Амриддин Носиров) ва +8613522787975 (Фаромуз Пирмухамедов)".

Суроғаи Сафорати Тоҷикистон: Пекин, No.LA 01-04, Liangmaqiao Diplomatic Compound.

Вируси "тоҷдор"

Авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Ухан хабар доданд.Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Ухани Чин пайдо карданд. 

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид.

Шаҳр "мурд": Ухан-маркази пайдоиши коронавирус чӣ ҳол дорад - гузориши аксӣ

Феълан гирифторони короноврус дар Фаронса, Италия, Олмон, ИМА, Австралия, Вьетнам, Гонконг, Ҳиндустон, Малайзия, Макао, Непал, Канада, Сингапур, Таиланд, Тайван, Ҷопон, Филиппин, Финляндииӯя, Куреи Ҷанубӣ ва Украина ба қайд гирифта шудаанд.

"Ором бошед": ВУХ Тоҷикистон аз тоҷикони Чин хост, ки аз худ дарак диҳанд

Дар Русия рӯзи 31 январ ду шаҳрвади Чин бо вируси тоҷдор ба қайд гирифта шуд. Яке дар вилояти Тюмен ва дигарӣ дар Забайкал.

Лентаи хабарҳо
0