Муборакшо моҳи августи соли 1961 дар деҳаи Емси ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон дар хонаводаи Абдулваҳоб ба дунё омадааст.
Хонаводаи Муборакшо фарҳангӣ буд, аз ин рӯ қариб ҳамаи узви хонавода ба мусиқӣ шавқ доштанд.
Муборакшо ҳанӯз дар синни 14 солагӣ аввалин оҳангашро иҷро кардааст, аммо фаъоляити ҳунарии худро соли 1988 дар гурӯҳи Далер Назаров оғоз намуд.
Муборакшо пас аз иҷрои суруди "Ғарибӣ" миёни мардум шуҳрат пайдо кард. Нахустин консерти ӯ дар Тоҷикистон соли 1995 дар боғи фарҳангие дар Душанбе баргузор шуд.
Он замон авзоъи Душанбе онқадар ором набуд, вале ҳама бадбинию ғаразро яксӯ гузошта таҳти навоҳои Муборакшо чарх мезаданд.
То имрӯз сурудҳои "Ай ёрам биё", "Ғарибӣ", "Равон шуданд чор ҷавон", "Парвинамо", "Сабза ба ноз", "Хиромон", "Туро намепарастам" ва ғайра дар қалби ҳар як тоҷикистонӣ ҷойгир аст.
Муборакшо соҳиби се фарзанд: Аслишо, Сайёд ва Имомалишо мебошад. Писари хурдии ӯ Имомалишо пайрави ҳунари падар ҳаст. Чанде пеш дар Маскав Имомалишо ҳамроҳ бо овозхони ҷавон Хушрӯз консерте бо овози зинда баргузор кард.