Ширин Амонзода: омодаем бо Эрон ҳамкорӣ намоем

CC BY-SA 2.0 / letsgopens87 / IMG_4138Туристы в горах Таджикистана, архивное фото
Туристы в горах Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳбари Кумитаи рӯшди сайёҳӣ мегӯяд, барои ҳамкорӣ бо ҷониби Эрон ба мувофиқа расидаанд ва ҳоло санади ин ҳамкорӣ дар баррасии ҷониби дигар аст.

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Ширин Амонзода раҳбари тозаинтихоби Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон мегӯяд, омодаанд ҳамкориҳоро дар соҳаи туризм бо Эрон ба роҳ монанд.

Амонзода ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотии кумита изҳор дошта, гуфт, дар рӯйхати давлатҳои пешниҳодшуда, ки мо бояд дар оянда ҳамкориҳоро ба роҳ монем, Эрон низ ҳаст.

Путешественник, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи рушди сайёҳӣ: дар соли гузашта беш аз 157 ҳазор ҷаҳонгарди рус ба Тоҷикистон омад

Номбурда гуфт, соли қаблӣ замони баргузории чорабинии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Душанбе мувофиқаҳо бо Вазири сайёҳии Эрон ба даст омада буд ва лоиҳаи санади ҳамкории дуҷониба имрӯз дар баррасии ҷониби Эрон қарор дорад.

Хонум Амонзода гуфт, Кумитаи зертобеяш барои ҳамкорӣ омода аст.

Ба иттилои раҳбари Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар соли гузашта ба Тоҷикистон 1 миллиону 275 ҳазору 300 нафар ташриф овардаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018, 219,7 ҳазор нафар ва ё 21,5 фисад зиёд мебошад.

Тибқи иттилои раҳбари кумита бештари сайёҳон соли гузашта аз Узбекистон, Русия ва Қирғизистон ба Тоҷикистон омадаанд.

Лентаи хабарҳо
0