ДУШАНБЕ, 17 апр – Sputnik. Азиза Иброҳимова, мутахассиси пешбари бахши равобити байналмилалӣ Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таъкид намуд, ки таваҷҷуҳи ҷаҳонгардон ба Тоҷикистон зиёд шудааст.
Ба гуфтаи вай дар соли 2017 теъдоди ҷаҳонгардоне, ки аз Тоҷикистон дидан карда буданд ҳамагӣ 430 ҳазор нафарро ташкил медод, аммо дар соли 2018 ин нишондиҳанда ба маротиб афзоиш ёфта ба беш аз як миллион нафар расидааст.
Азиза Иброҳимова аз ҷумла таъкид намуд, ки дар соли гузашта беш аз 157 ҳазор ҷаҳонгарди рус аз Тоҷикистон дидан намудааст.
“Гардишгарони Русия бештар ба ҷаҳонгардии кӯҳӣ алоқамандӣ доранд. Дар Тоҷикистон аз моҳи июл то август экспедитсияи кӯҳнавардӣ баргузор мегардад, ки дар он ҷаҳонгардони рус ба таври фаъол иштирок мекунанд”, - қайд намуд мутахассиси пешбари Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон.
Вай инчунин қайд намуд, ки ҷаҳонгардони Русия дар баробари кӯҳнавардӣ ба Тоҷикистон барои рудгардӣ ё рафтинг низ сафар мекунанд. Ин намуди варзиш ба онҳо бисёр писанд аст ва рудҳои Тоҷикистон ба онҳо ин имкониятро фароҳам месозанд.
Азиза Иброҳимова, афзуд, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 150 ширкати сайёҳӣ кору фаъолият доранд.
Бояд зикр кард, ки соли 2018 дар бахши сайёҳии вилояти Бадахшон рӯйдодҳои хотирмон ба амал омаданд. Яке аз ин дастовардҳо дар озмуни сайёҳии Германия ба феҳристи сад мавзеи диданбоби ҷаҳон шомил гардидани кӯҳҳои Помири Тоҷикистон ва шоҳроҳи Кӯлоб –Қалъаихум-Дарвоз- Хоруғ- Қулма мебошад.