ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Насим Олимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, шаҳвандони Тоҷикистон, ки дар Чин қарор доранд, имрӯз то фардо вориди Тоҷикистон мешаванд.
Номбурда ин нуктаро имрӯз зимни нишасти хабарии Вазорати тандурустии кишвар изҳор дошта, гуфт, шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар шаҳри Вуҳани Чин-маркази сирояти бемори коронавирус қарор доранд ба 58 нафар мерасад ва оҳоро имрӯз то пагоҳ аз ин минтақа ба Ватан хоҳанд овард.
Ба иттилои манбаъ, донишҷӯён тариқи ҳавопаймо ба кишвар оварда мешаванд ва ҳама омодагиҳо барои пешвози онҳо тайёранд.
Самариддин Партоев, раиси Пажуҳишгоҳи тиббӣ профилактикии Тоҷикистон низ зимни нишаст гуфт, Тоҷикистон барои ташхиси ин беморӣ ва пешгирии омода аст.
Ба иттилои манбаъ, то ҳол 645 шаҳрвандони кишвар аз ин 47 шаҳрвандони Чин дар минтақаҳои назоратӣ қарор доранд, ки 372 нафари он дар Душанбеянд қарор доранд, ки дар онҳо нишонаҳои коронавирус муаян нашудааст.
Насим Олимзода низ аз омодагиҳои кишвар барои пешгирии коронавирус ишора карда, гуфт, ки дар ҳама гузаргоҳҳои марзӣ назорати шабонарӯзӣ ҷорӣ шудааст.
Қаблан Тоҷикистон барои берун овардани шаҳрвандонаш аз Чин аз Русия дархости кумак карда буд, аммо Русия дар марҳилаи аввали кучонидани шаҳрвандонаш онро иҷро карда натавонист. Ахиран хабарҳое нашр шуд, ки Русия барои овардани шаҳрвандони Тоҷикистон розӣ шуда, дархости Тоҷикистонро метавонад баъд аз ду ҳафта иҷро намояд.
Бино ба хабарҳои ахир шумори гирифторони ин беморӣ ба беш аз 28 ҳазор расида, ҳалокшудагон бошанд 565 нафарро ташкил медиҳанд. Танҳо давоми 24 соат 73 нафар фавтидаанд.