ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Файзов зимни ҷаласа аз эҳтимолияти паҳншавии ин беморӣ тавассути сайёҳон ва шаҳрвандони дохилу хориҷ, ки тариқи гузаргоҳи Қулма ба ҳудуди вилоят ворид мешаванд, сухан ронд, хабар додаст котиботи ҳукумати ВМКБ.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа масъулини мақомоти тандурустӣ, ҳолатҳои фавқулоддаю мудофиаи гражданӣ ва намояндагони хадамоти Оқохон оид ба макони зисту тандурустӣ иштирок доштанд. Раиси вилоят диққати сохторҳои марбутаро барои пешгирии бемории каронавирус ҷалб намудааст.
Зимни ҷаласа иттилоъ дода шудаст, ки барои пешгирии ин бемории сироятӣ дар гузаргоҳи сарҳадии Қулма таҷҳизоти зарурӣ барои муоинаи шахсоне, ки тариқи ин гузаргоҳ ба Тоҷикистон ворид мегарданд, дастрас шудаанд.
Тибқи омори расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз чунин намуди беморӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ёдгор Файзов аз мақомоти давлатӣ ва хадамоти Оқохон оид ба макони зист, хадамоти Оқохон оид ба тандурустӣ даъват намуд, ки барои пурзӯр намудани назорати табиӣ- санитарӣ дар гузаргоҳи сарҳадии Қулма чораҷӯӣ намоянду барои таъминот бо доруворӣ, махсулоти ғизоиву сӯзишворӣ ва дигар ниёзи аввал мусоидат кунанд.