Ду мусибат дар хонаводаи собиқ раисҷумҳур: писар ва ҷияни ӯ вафот карданд

© Sputnik / Амир ИсаевБукет гвоздик в руке, архивное фото
Букет гвоздик в руке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хонаводаи собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Аскар Оқоев ба ду мусибати калон мувоҷеҳ шуд. Писар ва ҷияни Оқоев дар шаҳри Маскав вафот карданд

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Аскав Оқоев собиқ раисҷумҳури Қирғизистон ба якборагӣ писар ва ҷияни худро аз даст дод. Ба иттилои Sputnik Қирғизистон Айдар Оқоев писари собиқ раисҷумҳур ва Кубан Оқоев ҷияни ӯ дар шаҳри Маскав фавтиданд.

Бывший президент Кыргызстана Аскар Акаев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аскар Оқоевро дар Олмон тухмборон карданд

Манбаъ меафзояд, Кубан Оқоев 59 - сол дошт ва писари Чилтен Оқоев бародари собиқ раисҷумҳур будаст.

Зимнан, пас аз чанде писари собиқ раисҷумҳур Айдар Оқоев низ вафот кард. Марҳум 43 - сола буда, бар асари сактаи қалбӣ ба ҳалокат расидаст.

Акаев: Вашингтон бо баҳонаи мубориза зидди терроризм ба ОМ ворид гашт

"Айдар оиладор ва соҳиби ду фарзанд буд", - меафзояд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки Аскар Оқоев пас аз интиқоби "лола" - ӣ дар Қирғизистон, бо аҳли оила қаламрави ин кишварро тарк кард ва феълан дар Маскав ба сар мебарад.

Лентаи хабарҳо
0