Аскар Оқоевро дар Олмон тухмборон карданд

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкБывший президент Кыргызстана Аскар Акаев, архивное фото
Бывший президент Кыргызстана Аскар Акаев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дидори ҳамшаҳриҳои қирғизистонӣ дар Олмон аз оғоз аз чорчӯби барномае, ки созмони мардумниҳоди KyrgyzClub-Germany омода карда буд, хориҷ шуд

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Раисҷумҳури пешини Қирғизистон Аскар Оқоевро дар дидор бо ҳамшаҳриёнаш тухмборон карданд. Дар вокуниш ба ин таҳқир духтари Оқоев тухмпарторо чанд бор бо анбонаш зад.

Ба гузориши Sputnik Қирғизистон, ин қазия дар поёни ҳафтаи гузашта рух додааст. Дидоре, ки созмони мардумниҳоди KyrgyzClub-Germany барои ҳамшаҳриҳои қирғизистонӣ дар Олмон омода карда буд,аз оғоз аз чорчӯби барнома хориҷ шуд.

Раҳбари пешини Қирғизистонро гурӯҳе аз ҳамшаҳриёнаш бо шиори "Ақаев кет" (Оқоев — бирав" — шиори инқилоби лолаии соли 2005) пешвоз гирифт. Ҳангоми суханронии Оқоев онҳо ҳаёҳӯй бардошта талаб карданд, ки ӯ ба забони қирғизӣ суханронӣ кунад.

"Дастур нафармоед, шумо дар Қирғизистон нестед, балки дар Олмони демократӣ ҳастед", — гуфт дар посухашон Оқоев.

Дар поёни ин гуфтугӯ марде ба сӯи Оқоев тухм партоб карда ӯро "фасодкор" хонд. Духтари Оқоев — Бермет, ки ҳамроҳ бо падару модараш дар ин дидор ширкат дошт, тухмпарторо бо анбонаш чанд бор бар сараш зад.

Аскар Оқоев нахустин раисҷумҳури Қирғизистон аст ва дар солҳои 1990 — 2005 бар он кишвар раёсат мекард. Вай дар паи инқилоби мардумии соли 2005 аз раёсат бар канор шуд ва Қирғизистонро тарк кард.

Мардум ӯ ва хешовандону наздиконашро муттаҳам ба ғорати кишвар дар ҷараёни хусусисозии дороиҳои давлатӣ карда буданд. Қурбонбек Боқиев, ки дар паи ин инқилоб ҷойгузини Аскар Оқоев шуда буд, низ дар паи инқилоби мардумӣ дар апрели соли 2010 аз раёсат барканор ва кишварро тарк карда буд.

Лентаи хабарҳо
0