Талоши Кумитаи дин барои баргардонидани маҳбусон аз роҳи ифротгароӣ

© Sputnik / Андрей Стенин / Гузариш ба медиабонкПодследственный в СИЗО, архивное фото
Подследственный в СИЗО, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Кумитаи дин зимни нишасти матбуотӣ таъкид дошт, ки барои аз роҳи ифротгароӣ баргардондани нафарони маҳкумшуда миёни маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон корҳои ташвиқотӣ бурда мешавад

ДУШАНБЕ, 5 февр — Sputnik.  Давлатзода Сулаймон, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо имрӯз зимни нишастӣ матбуотӣ таъкид кард, ки кормандони Кумита бо маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон кор мебаранд.

Ноутбук, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Таблиғи ифротгароӣ ва терроризм дар Интернет: Кумитаи дин аз он чигуна пешгирӣ хоҳад кард?

Ба гуфтаи вай, корҳои ташвиқу тарғиботӣ дар маҳбасҳо миёни нафарони зиндоншуда  вуҷуд дорад.

“Мо як нақшаи кории муштарак бо сарраёсати корҳои ислоҳӣ дорем. як гурӯҳи кории махсус ташкил карда шудааст. Бо ширкати ходимони дин ва коршиносони маркази исломшиносӣ ва маркази исломӣ бо нафарони маҳкумшуда дидору вохуриҳо мегузаронем”.

Вай гуфт, ин иқдом ба хотири аз роҳи бад ва ифротгароӣ баргардонидани  шахсони маҳкумшуда мебошад.

Ҳамчунин раиси Кумитаи дин ба рӯзнаманигорон пешниҳод кард, ки дар давраҳои баъдӣ онҳо метавонанд дар яке аз чунин дидорҳо ҳамроҳ бо кормандони Кумита иштирок намоянд.

Лентаи хабарҳо
0