Таблиғи ифротгароӣ ва терроризм дар Интернет: Кумитаи дин аз он чигуна пешгирӣ хоҳад кард?

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкНоутбук, архивное фото
Ноутбук, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон барои таблиғоти ифротгароӣ ва терроризм дар Интернет барномаҳои мушаххасеро роҳандозӣ намудааст

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Ба гуфтаи масъулини Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон имомхатибҳои кишвар дар масҷидҳо ҳамарӯза ва дар рӯзҳои намози ҷумъа ба муқобили падидаҳои ифротӣ, ба монанди терроризм ва экстремизм ва нақши интернет дар он миёни ҷавонон таблиғот мебаранд.

Мужчина за ноутбуком, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамоиши байналмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ дар Осиёи Марказӣ

Ба гуфтаи масъулини Кумитаи дин, барои пешгирӣ аз падидаҳои ифротӣ ба монанди терроризм ва экстремизм дар интернет,  Кумита чораҳои зарурӣ меандешад.

“Мо барномаҳои мушаххас дорем. Нақшаҳои алоҳидаи Кумита ҳаст, вобаста ба иҷрои Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм  барои солҳои 2016-2020 ва чанд нақшаҳои дохилӣ идоравӣ ҳаст, ки ҳангоми мулоқоту вохӯриҳо дар ҷамоатҳо ва ҳангоми  дидор бо сокинони минтақаҳои гуногун анҷом дода мешавад”, - таъкид дошт Масъулини Кумитаи дини Тоҷикистон .

Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷурми “ифротгароӣ” дар ФР

Ҳамчунин дар Кумитаи дин илова карданд, ки дар баробари таблиғот миёни мардум, барои имохатибҳо курсҳои омӯзишӣ ба роҳ монда шудааст.

Вай иттилоъ дод, ки ахиран барои иштирок дар курсҳои мазкур халифаҳои  Бадахшон омада буданд.

Встреча Таджикского посла с Рошид аз-Заёни - Sputnik Тоҷикистон
Кишварҳои Халиҷи Форс ва Тоҷикистон бар зидди ифротгароӣ мубориза мебаранд

Кумитаи дин инчунин тавзеҳ дод, ки соли гузашта Кумита барои ҷилавгирӣ аз падидаҳои ифротӣ ба монанди терроризм ва экстремизм китобчаҳои махсус ба номи “Ислом муқобили террор” ба чоп расонда, миёни мардум паҳн намуд.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Ҳикматулло Хоҷаев, сармутахассиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон таъкид намуда буд, ки  даҳсолаҳои охир рушди бесобиқа таблиғоти ифротгароӣ ва терроризм дар Интернет ба мушоҳида мерасад.

Вай таъкид намудааст, ки насли ҷавони имрӯза аз интернет вобастагии зиёд зиёд дорад. Аммо чун ҳар гуна падидаи иҷтимоӣ, он ҷанбаҳои  хеле манфӣ низ дорад. Ҷавонон ҳар чӣ бештар вақти худро дар назди телефон ва  компютер сипарӣ мекунанд ва ба ҷаҳони маҷозӣ нисбат ба воқеият афзалият мениҳанд ва бозиҳои гуногуни таблиғкунандаи зӯрию зӯровари  хушунат ба рӯҳияи ҷавонон таъсири ногувор мерасонанд.

Лентаи хабарҳо
0