Се садамаи маргбор ва ҳалокати ду зан ва ду мард дар роҳҳои Тоҷикистон дар як рӯз

© Jan2575 / pixabayСгоревшая машина
Сгоревшая машина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳар се ҳолат ҳам, ронанда аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст. Дар натиҷа, 4 тан ҳалок ва як нафар маҷрӯҳ гардидаанд

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз сар задани се садамаи маргбор дар як рӯз дар роҳҳои Тоҷикистон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳар се қазия низ рӯзи 4 феврал рух додаанд, ки дар натиҷа чор тан куштаву як нафар маҷрӯҳ шудаанд.

ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ду садамаи маргбор дар шоҳроҳи Бохтар-Душанбе ва Хуҷанд дар як рӯз: ду тан ҳалок шуданд

Чунончи, 4-уми феврал, тахминан соатҳои 12:30, ронандаи автомашинаи "Опел-Вектра" Ҳабибов Ҷумахон Ғоибович, соли таваллудаш 1988, сокини ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ, ҳангоми ҳаракат кардан дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, таҳти идораи ронанда, Эмомов Миралӣ Қиёмович, соли таваллудаш 1956, сокини ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи мазкур, бархӯрдааст. 

Ҳалокати Санавбар Боқиева, зани 30-сола дар пайи садама дар вилояти Суғд

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”-и якум Ғаниева Соҷида Сатторовна, соли таваллудаш 1974, сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад.

Инчунин, санаи 4-уми феврал, тахминан соатҳои 14:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Зокиров Фирӯз Иззатуллоевич, соли таваллудаш 1986, сокини кӯчаи Садриддинови ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат дар назди беморхонаи шаҳри Истаравшан, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ҳакимова Шаҳодат Иброҳимовна, соли таваллудаш 1960, сокини ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшанро пахш намудааст.

Посольство Республики Таджикистан в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Сафорати Тоҷикистон дақиқ кард, ки дар садама аз 33 мусофири тоҷик 10 кас маҷрӯҳ гардид
Дар натиҷа, пиёдагард Ҳакимова Ш.И. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамзамон, рӯзи 4-уми феврал, тахминан соатҳои 15:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи "Мерседес-Бенс", Раззоқов Абдуразоқ Шуҳратович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Исфара, дар роҳи нақлиётгарди "Деҳмой-Конибодом" дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи "Опел-Зефира", ки таҳти идораи ронанда, Хусейнов Мираҳмад Хасанович, соли таваллудаш 1975, сокини шаҳри Исфара қарор дошт, бархӯрдааст.

Садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ-Мурғоб-Қулма

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс" Раззоқов А.Ш. ва мусофираш Раҳимов Меҳровар Ҷумаевич, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Исфара, ҷароҳатҳои вазнин ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд ва мусофири дигари автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", Улмасов Абдулҳак, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Исфара, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

ВКД афзудааст, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0