ДУШАНБЕ, 6 янв - Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия дақиқ намудаст, автобусе, ки ба мошини боркаш дар вилояти Тюмен имрӯз бархӯрда буд, 35 мусофир доштааст.
Зимнан, сухангӯи сафорат ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки дар дохили автобус 33 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доштанд.
Манбаъ меафзояд, ки дар натиҷаи бархӯрдани автобус бо мошини боркаш 10 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла 5 кӯдак ва 5 тан аз калонсолон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта ба бемористон интиқол дода шуданд.
Консулгарии Тоҷикистон мегӯяд дар садамаи Тюмен танҳо 5 тоҷикистонӣ қарор доштанд
Ин дар ҳолет, ки қаблан Консулгарии генералии Тоҷикистон хабар дода буд, ки бар асари садамаи мудҳиш танҳо 3 нафар мусофирони тоҷик ҷароҳат бардоштанд.
Консулгарӣ гуфта буд, ки дар маҷмӯъ дар дохили автобус 5 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доштанд.
Ёдовар мешавем, ки дар шоҳроҳи вилояти Тюмен субҳи имрӯз автобуси мусофирбар, ки аз Тоҷикистон самти Сургут ҳаракат мекард бо мошини боркаш бархӯрд. Дар натиҷа ронанда ва як мусофири мошини боркаш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.