Интихобот - 2020: сиву шаш нозири байналмилалӣ иштирокашонро тасдиқ карданд

Обуна шудан
Кумитаи марказии интихоботии Тоҷикистон ба 36 нафар шаҳодатномаи мушоҳиди байналмилалӣ супоридааст. Аккредитатсияи дигар мушоҳидони байналмилалӣ идома дорад

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини шаффофият ва мушоҳидаи ошкорои баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз 36 нафар мушоҳидони байналмилалиро  ба қайд гирифта, ба онҳо шаҳодатномаи мушоҳиди байналмилалӣ супоридааст.

Дар ин бора аз КМИР ба  АМИТ "Ховар" иттилоъ доданд.

Муджибахон Джавхарова, кондидат в депутаты Парламента -2020 - Sputnik Тоҷикистон
Пеш аз интихобот: номзад ба Парлумон рисолаи илмиашро ҳимоя кард

Ба маълумоти манбаъ, ин мушоҳидони байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ҷумҳурии Беларус ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон мебошанд.

"Имрӯз низ зимни ҷаласаи навбатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар бораи аккредитатсияи миссияи мушоҳидони байналмилалӣ аз Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  дар ҳайати 8 нафар ва аз Ҷумҳурии Беларус дар ҳайати 2 нафар мушоҳиди байналмилалӣ қабул гардид", - менависад манбаъ.

Аккредитатсияи дигар мушоҳидони байналмилалӣ идома дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор созмонҳои байналмилалӣ барои иштироки мушоҳидон даъватнома фиристода буд.

Ба рӯзноманигорон гуфтанд дар бораи "Интихобот 2020" чӣ гуна нависанд

Дар назар аст, ки  ҷараёни баргузории ин маъракаи сиёсиро мушоҳидони байналмилалӣ, аз ҷумла аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон мушоҳида кунанд.

Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон моҳи март баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0