Бузургтарин масҷид дар ОМ моҳи март ифтитоҳ мешавад

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевНовая мечеть в Душанбе
Новая мечеть в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ, ки мебоист моҳи октябри соли гузашта ифтитоҳ шавад, моҳи марти соли ҷорӣ боз мешавад.

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ, ки бо маблағгузории Қатар дар Душанбе бунёд шуд, дар назар аст моҳи март ифтитоҳ шавад.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотии Кумитаи дин изҳор дошт.

Масҷиди мазкур, мебоист моҳи октябри соли гузашта ифтитоҳ шавад, амо бо сабаби наомадани амири Қатар мавқуф гузошта шуд.

Новая мечеть в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Намози Амири Қатар дар Душанбе: Масҷиди бузурги пойтахт кай ифтитоҳ мешавад?

Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон низ сабаби қаблан боз нашудани масҷидро ба мавқуф гузоштани сафари амири Қатар ба Тоҷикистон шарҳ дода гуфт: "Ҳузури он кас ҳам муҳим аст. Моҳи октябр мо амирро ба ифтитоҳи масҷид даъват карда будем, мутаасифона он кас омада натавонист. Худо хоҳад, моҳи март амири Қатар бояд ба Душанбе ояд ва дар маросими ифтитоҳи ин иншоот ширкат намояд".

Масҷиди бузурги ҷомеи Душанбе интизор меравад яке аз бузургтарин масҷидҳои кишвару минтақа бошад, ки ҳудуди 100 ҳазор нафарро дар як вақт ҷой медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ дар рӯзи ҷумъа ба масҷид рафтанд - Sputnik Тоҷикистон
Боздиди Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ аз масҷиди дар ҳоли бунёди Душанбе - видео

Масҷиди бузурги ҷомеи шаҳри Душанбе дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат мебошад. Масоҳати зери бинои масҷид бошад, 3 гектарро ташкил дода, санги асоси онро Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310 - солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби ҳанафӣ гузошта буд.

Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, Масҷиди бузург бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ бунёд гардида, аз 4 манораи баландиаш 75-метрӣ ва гумбази 47-метрӣ иборат хоҳад буд.

Лентаи хабарҳо
0