Ҳаждаҳ рақиб: “Тоҷиксуғурта” аз рақобат наметарсад

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкСтраховой полис, архивное фото
Страховой полис, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Директори генералии “Тоҷиксуғурта”, муассисаи як замон яккатоз дар бозори суғурта ё бимаи Тоҷикистон мегӯяд, аз ҳузури рақибони зиёд тарс надорад ва омодаи ҳама гуна рақобати солим аст.

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Шуҳрат Мақсудзода зимни нишасти матбуотии ниҳодаш дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ҳузури рақибони зиёд дар бозор хурсандиовар аст, зеро агар рақобат ҳаст, рушд низ ҳаст, агар рақобат нест, рушд ҳам нест.

"Мо ҳам он рақобатеро, ки имрӯз ҳаст, қабул менамоем. Барои рақобати солим омода ҳастем. Аз рақобат наметарсем. Касе ба мо халал намерасонад, зеро барномаҳои бо муваффақият иҷро мешаванд ва ширкат пеш меравад”, - гуфт раиси “Тоҷиксуғурта”.

“Тоҷиксуғурта” вориси Раёсати суғуртаи давлатии Комиссариати молияи Тоҷикистон аст, ки бори аввал соли 1924 арзи вуҷуд кардааст. 2 августи соли 1991 Шӯрои вазирони Тоҷикистон онро ба Созмони давлатии суғуртаи тиҷории “Суғуртаи давлатии Тоҷикистон” ё “Тоҷикгосстрах” табдил дод.
Национальный банк Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллӣ ба “Эсхата Суғурта” барои панҷ сол иҷозатномаи фаъолият дод

Пас аз истиқлол 18 августи соли 1994 ин созмон ба ширкати давлатии суғуртаи “Тоҷиксуғурта” ва 30 августи соли 2011 ба Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта” тағйири сохтор кард. Ин замоне буд, ки дар баробари “Тоҷисуғурта” чандин ширкати суғуртаи дигари давлативу тиҷорӣ вориди бозор шуда буданд.

Бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, ҳоло дар кишвар 19 ширкати суғурта фаъолият мекунанд. Аввалин рақиби “Тоҷиксуғурта” ҳам “Тоҷиксармоягузор”буд, ки соли 1995 дар вазорати молияи Тоҷикистон арзи вуҷуд кард. Аз нимаи дуввуми солҳои 90 бо рӯи кор омадани ширкати “Муин” то ба имрӯз чандин ширкат, назири “Боварӣ”, “Суғуртаи Шарқ", “Кафил”, "Спитамен Суғурта", “Итминон”, ”Бима”, “Меҳнат”, “Эсхата Суғурта”, "Суғуртаи Тоҷикистону Чин", “Суғуртаи аввалини миллӣ" ва ғайра дар ин бозор кор мекунанд, ки умдатан пас аз соли 2005 аз Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатнома гирифтаанд.

Бонкҳои кишварҳои БРИКС бо $100 млрд худро суғурта карданд

"Тоҷиксуғурта" дар ҳоли ҳозир 65 шӯъба ва 4 дафтари намояндагӣ дар шаҳру манотиқи ҷумҳурӣ дорад, ки 22 навъи хизматрасонии суғуртавиро дар ихтиёри мардум қарор медиҳанд. Ин корхонаи давлатӣ дар бозори суғуртаи Тоҷикистон ҷойгоҳи барҷаста ва пойдоре дошта, яке аз пешрафтатарин созмонҳои суғурта маҳсуб мешавад. Дар ҳоли ҳозир аз назари ҳаҷми ҳаққи суғурта мақоми дуввум ва дар пардохтҳои суғуртавӣ мақоми аввалро дар миёни рақибони худ касб кардааст.

Шуҳрат Мақсудзода муваффақият ва рақобатпазирии ин корхонаи давлатиро дар бозори пур аз рақобати Тоҷикистон шарҳ дода, гуфт, дар соли 2019 “Тоҷиксуғурта” 758 ҳазору 861 шартномаи суғуртавӣ бо шахсони ҳуқуқиву воқеӣ ба имзо расонидааст, ки аз ин 8,1% суғуртаи ҳатмӣ ва 91,9% ихтиёрӣ будаанд. 

"32,6 миллион ҳаққи суғуртавӣ ба даст омад ва нақшаи воридот 101,5% иҷро гардид. Аз ҳисоби суғуртаи ҳатмӣ 11,2 миллион ё 34,5% ва 21,4 миллион сомонӣ (64,5%) аз суғуртаи ихтиёрӣ ворид шуд. Корхона ба буҷети ҷумҳурӣ 9,4 миллион, 1,6 миллион сомонӣ бештар аз соли 2018 пардохт намуд. Ин ҳама гувоҳи он аст, ки мо як корхонаи комилан худкифо ва омода ба рақобати солим ҳастем”, - гуфт директори генералии “Тоҷиксуғурта”.

Лентаи хабарҳо
0