ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон ахиран эълон намудааст, ки боз ба як ташкилоти суғуртавии дигар иҷозатномаи фаъолият додааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Бонки миллӣ бо қарори раёсати Бонк ба ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Эсхата Суғурта” барои фаъолият дар қаламрави Тоҷикистон ба муҳлати панҷ сол иҷозатнома дода шуд.
“Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи моддаҳои 4 ва 34 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, моддаи 6 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва боби 54 Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №172 тасдиқ шудааст, қарори навбатиро аз санаи 24 октябри соли 2019 таҳти №127 дар бораи додани иҷозатнома ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Эсхата Суғурта” ба тасвиб расонид”, -таъкид намудааст манбаъ.
Ҳамин тавр, дар асоси қарори мазкур ба ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Эсхата Суғурта”, барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои муайян ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.
Дар ҳамин ҳол, масъулини Бонки миллӣ идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор намудааст, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.