ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Джана Ашӯрова бо пахши ин акс, ки гуфта мешавад, аз шӯъбаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, зодгоҳи Додоҷон Атоуллоев гирифта шудааст, менависад: Атовуллоев авф шуд!? Атовуллоев авф нашуд?! Ё Атовуллоевро Шӯъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Панҷакент то ҳол авф накардааст?!” Додоҷон Атоуллоев зодаи деҳаи Воруи шаҳри Панҷакент аст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотии солонаи ин ниҳод дар ҷамъи хабарнигорон бо як эҳтироми хос эълон кард, ки Додоҷон Атоуллоев дигар таҳти пайгарди қонунӣ қарор надорад.
Вай гуфт: “Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Додоҷон Атоуллоев аз ҷониби Прокуратураи генералӣ қатъ карда шуд. Ҳуқуқи он кас аст, ки кай ва чӣ хел меоянд. Аммо таъқиби ҷиноятӣ нисбати он кас қатъ карда шудааст. Ҳуқуқ доранд, ки баргарданд. Дар қатори мову шумо дар Тоҷикистон истиқомат кунанд, кору фаъолият намоянд. Озодона”.
Додоҷон Атоуллоев, рӯзноманигори маъруфи тоҷик, ҳоло раҳбари ҳаракати “Ватандор” дар Олмон зиндагӣ мекунад.
Ӯ аз солҳои 1990 ба ин сӯ яке аз мухолифони сарсахти ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт, аммо ду соли ахир бо ҳукумат аз дари мусолиҳаву мадоро пеш омада, аз интиқодгариҳои қаблиаш даст кашидааст.
Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз соли 2008, вақте Додоҷон Атоуллоев дар шаҳри Маскав аз сӯи мақомоти Русия боздошт шуд, эълон карда буданд, ки ӯ аз рӯи моддаҳои 132 (таҳқири оммавии президенти Тоҷикистон) ва 307 (даъват ба сарнагунии сохти конститутсионӣ аз роҳи зӯр) – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам мешавад.
Дар ҳоли истирдод Атоуллоев ба ҳадди ақал 25 сол зиндонӣ мешуд. Он замон ӯ ба Тоҷикистон истирдод нашуд, аммо Маскавро низ тарк кард ва дар Олмон паноҳ бурд.
Дар яке аз мусоҳибаҳои ахири худ Атоуллоев эълон дошт, ки дар фурсати муносиб ба ватан бармегардад ва ҳатто ҷое ҳам изҳор дошт, ки “дар ҳоли пеш омадани хатар ба Тоҷикистон ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар канори ҳукумати кишвар хоҳад буд”.