Ҷавонони Суғд алайҳи Кабирӣ, Атовуллоев ва Абдуллоҷонов

© Sputnik / Амир ИсаевИнтихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар изҳороти ҷавонони Суғд қайд гардидааст, ки Додоҷони Атовулло ва Абдумалик Абдуллоҷонов сабабгорони асосии ҷанги бародаркуш дар Тоҷикистон мебошанд ва бо «изҳорот»-у «мавқеъгириҳояшон» моро бефарқ гузошта наметавонанд, ин ду шахсиятро ҳаммаром, ҳамақида ва ватанфурўшони ин сарзамин медонем.

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. «Мо, ҷавонони бисёрҳазорнафараи вилояти  Суғд мулоқоти собиқ раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро, ки ҳафтаи гузашта бо мақсади кишварро сиёҳ намудану эҷод кардани дасисаҳо дар назди ташкилоту созмонҳои хориҷӣ баргузор гардид, маҳкум менамоем»,-омадааст дар муроҷиатномаи ҷавонони шимоли кишвар, ки матни онро АМИТ "Ховар" ба нашр расонидааст.

Муҳиддин Кабирӣ дар интихоботи парлумонии 1 марти соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
КДАМ: писари Кабирӣ ба “Ҳоҷӣ Ҳалим” $1.2 миллион додааст

Дар идомаи матлаб қайд шудааст, ки тайи чанд соли охир фаъолияти ҲНИТ характери экстремистӣ пайдо карда, робитаҳое пинҳонӣ барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои нопокашон бо собиқ аъзои ҳизб, ки дар пояҳои баланди мақомоти давлатӣ адои вазифа менамуданд, барқарор намуда, бо маслиҳати хоҷагони хориҷиашон дар роҳандозӣ кардани ҳадафҳои гурўҳиву фирқавиашон садоқати фарзандии хешро нисбат ба ватан фаромўш намуда, ҳаракат карданд, ки то андозае истиқрору оромиро дар Тоҷикистон вайрон кунанд.

"Бо мақсади амалӣ гардонидани ин ҳадафҳои муғризона раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба воситаи писари калониаш Руҳуллоҳ ба собиқ генерали хиёнаткору ноҷавонмард, собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Назарзода Абдуҳалим Мирзо (маъруф ба Хоҷӣ Ҳалим) як миллиону дусад ҳазор доллар маблағ дода, асоси сар задани воқеаи мудҳиши дар моҳи сентябри соли равон рухдодаро гузошт, ки бар асари он чандин корманди бегуноҳу фидокори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расиданд",- дарҷ шудааст дар изҳороти мазкур.

Ҷавонони Суғд мӯътақиданд, ки Муҳиддин Кабирӣ фикри табаддулот намуданро  дар ин ҷода бо шеваи роҳандозии маблағҳои калони пулӣ дар сар парварида, ахиран бо ошкор гардидани ин ҳадафи наҷавонмардонааш хиёнати нисбат ба Ватан ва хешу табор анҷомдодаашро бар худ нагирифта, ҳаракат карда истодааст, ки бо лафзбозиву роҳандозии мулоқот дар назди ташкилоти хориҷӣ аз об хушк барояд.

Вазъ дар Сурия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мақомот: Zello воситаи дӯстдоштаи мубаллиғони ДИИШ барои мағзшӯист

"Солиёни дароз Муҳиддин Кабирӣ фурсати мувофиқ ҷуста, барои амалӣ гардонидани ин барнома маблағ ҷамъ намуда, онро дар ширкати сохтмонии наздиконаш «Бинокорсервис» нигоҳ медоштааст, ки ахиран ба куҷо равона шудани ин маблағро  пайвандонаш ошкор намуданд",- меафзояд манбаъ.

Сарчашмаи хабар бо такя ба иттилоъияи нашршуда менависад, ногуфта намонад, ки «бале»-гўёни Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷи кишвар, аз қабили Додоҷони Атовулло ва Абдумалик Абдуллоҷонов, сабабгорони асосии ҷанги бародаркуш дар Тоҷикистон бо «изҳорот»-у «мавқеъгириҳояшон» моро бефарқ гузошта наметавонанд ва ин ду шахсиятро ҳаммаром, ҳамақида ва ватанфурўшони ин сарзамин медонем.

Лентаи хабарҳо
0