ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Шоҳиён зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар доираи парвандаи тайёрӣ ба ошӯб дар зиндони Душанбе мурофиаи 30 нафари муттаҳам идома дорад. Ӯ гуфт, ба далели амнияти шоҳидону ҷабрдидаҳо дар парвандаҳои марбут ба ошӯбҳои охир дар зиндонҳои кишвар, баррасиҳо пӯшида сурат мегиранд.
Шоҳиён инчунин иттилоъ дод, ки Додгоҳи олӣ соли 2019 ду дарвандаи ҷиноӣ аз рӯи ошӯб дар зиндонҳои шаҳрҳои Хуҷанд ва Ваҳдатро баррасӣ карда, дар маҷмуъ 60 зиндониро барои даст доштан дар ин бетартибиҳо ба ҷазои иловагӣ маҳкум намуд.
Ӯ илова намуд, ки бархе маҳкумшудаҳо даъво мекунанд, ки дар содир кардани ин ҷиноятҳо даст надоранду ҷазояшон беасос аст ва ин шикоятҳо низ мавриди баррасӣ қарор доранд.
Маъруф Муҳаммадзода: ошӯб дар зиндони № 3 мизони ҷинояткориро афзуд
Ошӯб дар зиндони Ваҳдат моҳи майи соли гузашта ба вуқуъ пайваст. Ба иттилои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, "ташкилкунандагони бетартибӣ аъзои созмони террористиву эктремистии дар Тоҷикистон тибқи қонун манъшудаи “Давлати исломӣ” буда, роҳбарони бевоситаи он Беҳрӯзи Гулмурод — писари собиқ полковники хоин Гулмурод Ҳалимов, ки дар Сурия кушта шудааст ва Гулов Фахриддин, Шарипов Маҳмадулло ва Ҳасанов Рӯҳулло буданд".
Ин манбаъ қаблан хабар дода буд, ки дар натиҷаи амалиёти ҷавобӣ, ки тибқи талаботи қонун сурат гирифт, 24 нафар аъзои гурӯҳи зикршуда безарар гардонида, 35 нафар дастгир карда шуданд.