ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи қаллобии маблағи ҳангуфт дар пойтахт гузориш додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, марди 57-солае ба милисаи Душанбе шикоят кардааст, ки як нафар сокини пойтахт ба бовариаш даромада, дар давоми чор сол бештар аз 1 миллионашро гирифтааст.
"Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 57-солаи сокини кӯчаи Ю.Вафои шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки дар давоми аз соли 2014 то моҳи феврали соли 2018 дар кӯчаи Ф.Ниёзӣ марди 51-солаи сокини кӯчаи Мушфиқии пойтахт, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1 миллиону 111 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст", - омадааст дар гузориши ВУД.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.