Вазир гуфт, роҳсозии соҳибкорон ду баробар зиёд шудааст

© Sputnik / Амир ИсаевГорная дорога в Таджикистане
Горная дорога в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, мегӯяд, соли гузашта роҳсозии соҳибкорон дар қиёс бо соли пешӣ ду баробар афзоиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Соли гузашта барои нигоҳдорӣ ва таъмири роҳҳои автомобилгард аз ҳисоби буҷетҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ наздики  80 миллион сомонӣ равона гардид, хабар дод Худоёр Худоёрзода.

Обновление дорог на территории поселка Яван - Sputnik Тоҷикистон
Соҳибкорони Балҷувон ба корҳои соҳилбандӣ ва роҳсозӣ ҷалб гардиданд

Вазири нақлиёт зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки дар ин ҷода саҳми соҳибкорон беш аз пеш меафзояд.

“Аз ҷумла, дар ин давра аз ҳисоби онҳо ба маблағи зиёда аз 150 миллион сомонӣ роҳҳо таҷдиду навсозӣ шуданд, ки нисбат ба соли қаблӣ ду баробар бештар мебошад”, - хабар дод “Ҷумҳурият” аз қавли Худоёрзода.

Манбаъ афзуд, ҳоло дар соҳаи нақлиёт дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд 10 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 621 миллион доллари ИМА мавриди татбиқ қарор дорад.

Ин дар ҳолест, ки тайи солҳои охир гузориш аз шаҳру навоҳии Тоҷикистон дар бораи он, ки афрод ё корхонаҳои алоҳида роҳсозиро аз ҳисоби худ сармоягузорӣ кардаанд, майли афзоиш дорад.

Лентаи хабарҳо
0