Ҳалокати 20 нафар ва ҷароҳати 25 нафар дар ҷои кор тайи 1 сол дар Тоҷикистон

© © Sputnik / Амир ИсаевДобыча руды на территории металлургического комбината ФАРОЗ, архивное фото
Добыча руды на территории металлургического комбината ФАРОЗ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳим Санъат Асо, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон мегӯяд, соли 2019 дар ҷумҳурӣ 2173 корхона ва 9833 иншоот зери назорати Хадамот қарор дошт

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Санъат Раҳим, ҳафтаи равон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, соли гузашта дар иншооти кишвар  259 назорати техникӣ , аз ҷумла 241 назорати нақшавӣ ва 18 ғайринақшавӣ гузаронда шуд.

Подпись документа, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сабукии Ҳукумат барои сохтмони корхонаи маводи тарканда дар Данғара

"Барои ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷавобгӯ набудани фаъолият, наандешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар иншооти истеҳсолии хатарнок ба 67 корхона оид ба боздошти кор супориш дода шуд", - хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Санъат Раҳим.

Манбаъ афзуд, шахсони масъул ба ҷавобгарӣ кашида шуда, ба маблағи 653 ҳазору 380 сомонӣ ҷаримабандӣ гардиданд. Аз 1571 корманди муҳандисию техникии корхонаҳо, ки мавриди санҷиши касбият қарор гирифтаанд,  273 нафарашон аз санҷиш нагузаштанд.

Ба иттилои Хадамот, соли сипаришуда 33 ҳодисаи нохуш ва 3 садамаи истеҳсолӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа, 20 нафар ҳалок гардида, 25 кас ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд.

Лентаи хабарҳо
0