Таъйид: боздошти 113 нафар бо гумони узвият дар "Бародарони мусулмон"

© Sputnik / Амир ИсаевРахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото
Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз боздошти як гурӯҳи бузург бо гумони узвият дар созмони мамнуъи “Бародарони мусулмон” ё "Ихвон-ул-муслимин" хабар дод. Дар гузашта ҳеҷ мақоми Тоҷикистон расман ин хабарро расман таъйид накарда буд.

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон боздошти теъдоди бузурге аз афрод дар саросари Тоҷикистон бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯъи “Ихвон-ул-муслимин” – ро таъйид карда, шоеъоти мавҷуд дар кишвар аз гирифтории садҳо нафари гумонбар дар ҳамкорӣ бо ин созмонро рад кард ва гуфт, то ба ҳол теъдоди онҳо ба 113 нафар расидааст.

Судяҳою прокурорҳо дар ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Юсуф Раҳмон: дубора таъин шуданам шаҳодати эътимоди Президент аст

“Алайҳи ҳамаи онҳо бо иттиҳоми узвият дар созмони экстремистӣ-террористии "Бародарони мусулмон" парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст. Дар робита бо бақия аъзои ин созмон корҳои фаврӣ – ҷустуҷӯӣ идома доранд. Дар ҳоли ҳозир, муфатишони прокуратура дар ҳамдастӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ин парвандаҳоро таҳти баррасӣ қарор додаанд”, - гуфт прокурори генералӣ.

Дар ҳамин ҳол, прокурори генералӣ дар шарҳи теъдоди боздоштшудаҳо гуфт, дар миёни онҳо як корманди мақомоти иҷроияи шаҳри Исфара, зиёда аз 20 нафар аз донишгоҳҳои олӣ буда, намояндагони дигар мақомоти ҳукуматӣ низ дар миёни онҳо ҳузур доранд.

“Дар куҷое, ки онҳо кор накунанд, фарқ надорад, мо онҳоро пайдо ва боздошт карда, ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашем. Новобаста аз он ки дар кадом мақомот кор мекунанд”, - гуфт Юсуф Раҳмон.

“Бародарони мусулмон” ё “Ихвон-ул-муслимин” ҳанӯз соли 2006 аз сӯи Суди олии Тоҷикистон ба рӯйхати созмонҳои мамнуъи экстремистӣ-террористӣ ворид карда шудааст. Аммо ин аввалин боздошти гурӯҳии аъзои ин созмон нест. Соли 2016 20 имомхатиби масҷидҳои вилояти Суғд бо ҷурми узвият дар ин созмони мамнуъ ба 3 то 4 – солӣ равонаи зиндони низомаш шадид шуданд.

Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Панҷ соли дигар: Юсуф Раҳмон барканор нашуд

Юсуф Раҳмон мегӯяд, вақте созмони мазкур дар Тоҷикистон расман террористӣ-экстремистӣ эълон шудааст, бадоҳатан ҳеҷ кас ҳаққи узвияти онро надорад, дар акси ҳол тибқи Қонуни ҷиноӣ ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд.

“Қариб дар ҳамаи давлатҳое, ки ин созмон фаъолият мекунад, экстремистӣ-террористӣ эътироф ва фаъолияташ манъ карда шудааст. Дар Тоҷикистон низ шахс барои узвият дар ин созмон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад”, - таъкид кард прокурори генералии Тоҷикистон.

"Ихвон-ул-муслимин" як созмони мазҳабву сиёсист, ки соли 1928 дар Миср таъсис ёфта, фаъолияташ ба тамоми кишварҳои арабӣ густариш ёфт. Ин созмон дар Миср соли 2011 аксарияти курсиҳои парлумонро ба даст овард. Як сол пас Муҳаммад Мурсӣ, намояндаи ин созмон дар интихоботи президентӣ пирӯз омад. Аммо соли 2013 ӯ аз сӯи низомиёни он кишвар боздошт, ҳамзамон “Ихвон-ул-муслимин” дар Миср созмони террористӣ эълон шуд. Мурсӣ соли 2019 дар толори додгоҳ аз сактаи қалб ҷон дод.

Лентаи хабарҳо
0