https://sputnik.tj/20200201/mard-30-sola-ba-qafas-sina-hamsar-javon-kord-zad-1030641850.html
Ҷабри ҳамсар: марди 30-сола ба қафаси синаи ҳамсари ҷавонаш корд зад
Ҷабри ҳамсар: марди 30-сола ба қафаси синаи ҳамсари ҷавонаш корд зад
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марди 30-сола хабар медиҳад, ки бо корд ҳамсарашро захмӣ кардааст 01.02.2020, Sputnik Тоҷикистон
2020-02-01T18:04+0500
2020-02-01T18:04+0500
2020-02-01T17:44+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/i/logo/logo-social.png
ҷаббор расулов
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2020
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, ҷаббор расулов
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, ҷаббор расулов
Ҷабри ҳамсар: марди 30-сола ба қафаси синаи ҳамсари ҷавонаш корд зад
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марди 30-сола хабар медиҳад, ки бо корд ҳамсарашро захмӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 30-сола ба иттиҳоми қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ҳодиса шоми 30-юми январи соли 2020 ба вуқӯъ пайвастааст.
Бино ба гузориши ин ниҳод, дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, номбурда, санаи 30-юми январи соли 2020, тахминан соати 19:30-дақиқа, дар манзили истиқоматиашон аз сабаби муноқишаи ба миён омада ҳамсараш, зани 22-соларо бо корд 1-маротиба ба қафаси синааш задааст.
Дашноми қабеҳ доду дар қафаси синааш корд зад: авбошӣ дар Душанбе
"Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.