Бистарӣ шудани соҳибкори ҷавон аз зарби ду корд дар Хуҷанд

© PixabayНож в руке
Нож в руке - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи кордкашӣ ба сӯи соҳибкор дар шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 14 сен - Sputnik. Кормандони мақомоти вилояти Суғд, сокини деҳаи Тудабоёни шаҳри Хуҷандро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир кардаанд.

Мужчина с ножом в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кордкашӣ нисбати соҳибкор дар назди бозори “Помир”

Бино бу гузориши ВУХ ҳодиса рӯзи 13-уми сентябри соли 2019, тахминан соати 12:40-дақиқа рух додаст.

Гуфта мешавад, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини деҳаи Тудабоёни шаҳри Хуҷанд бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Авбошӣ: сокини Бохтар нахуст ба шиками зани 34 - сола кор зад ва сипас худро маҷрӯҳ кард

"Номбурда, бо марди 26-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, соҳибкори инфиродӣ, ҷангу ҷанҷол намуда, бо мақсади қасдан расонидани зарар ба саломатӣ бо корд 2 маротиба ба шикамаш задааст", - омадааст дар хабарнома.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ба саломатиаш бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Муноқишаи ду марди исфарагӣ дар ошхона бо кордкашӣ анҷом ёфт

Манбаъ афзуда, ки нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0