ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Ба гузориши Spunik Афғонистон, расонаҳои Фаластин хабар додаанд, ки нерӯҳои исроилӣ ба намозгузорони фаластинӣ дар наздикии намозхонаи "Бобул-Раҳма" ҳамла карданд.
Шоҳидони қазия нақл карданд, ки онҳо намозгузоронро ба зӯрӣ аз Масҷидул Ақсо берун карданд, 10 танро захмӣ намуданд.
"Онҳо 10 намозгузорро ба зарбаи гулӯлаҳои пластикӣ маҷрӯҳ карданд", - менависад манбаъ.
Аммо бархе аз расонаҳои хабарӣ менависанд, ки ҳадафи ишғолгарон аз юриш ба масҷиди Алақсо ҷилавгирӣ аз ҳаргуна тазоҳуроти эътирозомез баъд аз намози субҳ алайҳи тарҳи созиши амрикоӣ мавсум ба муомилаи қарн донистанд.
Тарҳи муомилаи қарн ки тавассути Амрико рӯнамоӣ шуд хостори чашмпӯшии паноҳандагони фаластинӣ, сокини кишварҳои арабӣ, ба вижа Лубнон аз ҳаққи бозгашт ба сарзамини худ аст.