Терористҳо ба пойгоҳи ҳавоии Русия ҳамла карданд

© SputnikБеспилотник на выставке вооружений
Беспилотник на выставке вооружений - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гурӯҳҳои терористӣ бо ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин талош карданд ба фурудгоҳи Ҳмеймим дар Сурия ҳамла кунанд

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Терористҳо бо ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ба пойгоҳи ҳавоии Ҳмеймими Русия дар Сурия ҳамла карданд, гузориш медиҳад Sputnik Афғонистон.

19 январ расонаҳои Сурия иттилоъ додаанд, ки терористон пойгоҳи ҳавоии Ҳмеймими Русияро дар вилояти Лозиқия ҳадаф қарор доданд.

На месте крушения самолета в Иране - Sputnik Тоҷикистон
"Ҳодисаи суқути ҳавопаймо дар Эрон мумкин аст бо ҷосусӣ муртабит бошад"

"Ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини душман тавассути системаҳои дофои ҳавоии Русия раҳгирӣ ва нобуд карда шуд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Дар натиҷа системи дифои ҳавои ин пойгоҳ, тамоми ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини терористҳоро нобуд карданд.

Пештар мутахассисони "Роскосмос" дар гузорише дар бораи маҳвораҳои "ҷосус" гузориш дода буданд.

Ба иттилои мутахассисон, онҳо қодиранд тасвире бисёр бокайфият ва филмҳои ҷосусӣ таҳия ва амвоҷ радиои мухталифро дарёфт кунанд.

Коршиносони "Роскосмос" афзуданд, ки дар Русия истгоҳҳои радиоэлектронии заминӣ эҷод хоҳанд шуд, то сигналҳои нурӣ, модуни қирмиз (инфрасурх) ва радари моҳвораҳои ҷосусиро саркӯб кунанд.

Лентаи хабарҳо
0