Сарусадои зуҳури "коронавирус" дар Мурғоб ва шарҳи Ҳукумати ВМКБ

Обуна шудан
Ҳукумати Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон сарусадо дар бораи зуҳури вируси тоҷдор, ба истилоҳ “коронавирус”- дар Мурғоб, ноҳияи ҳаммарз бо Чинро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Раёсати тандурустии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба маълумоти шаҳрвандон ва сокинони вилоят мерасонад, ки овозаҳо оиди ба қайд гирифтани коронавируси 2019-n CoV дар ноҳияи Мурғоб, бе асос аст.

Медицинский персонал переводит пациента с подозрением на новый коронавирус, в Гонконге - Sputnik Тоҷикистон
Маълум шуд, чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар Вухани Чин қарор доранд

Шаҳр "мурд": Ухан-маркази пайдоиши коронавирус чӣ ҳол дорад - гузориши аксӣ

Мақомоти ВМКБ, ҳамзамон иттилоъ медиҳад, ки вобаста ба вазъи эпидемикӣ коронавируси 2019-n CoV дар Чин, бо назардошти робитаи зич бо ин давлат, тавассути гузаргоҳи Қулма дар нуқтаи назорати санитарии карантини Қулма, чорабиниҳои назоратии зидди эпидемикӣ ба роҳ монда шудаанд.

"Дар нуқтаи назоратии санитарии карантинии (ННСК)-и “Қулма” айни замон 1-табиби эпидемолог ва 2-ёрдамчии духтури эпидемолог фаъолият доранд. Дар ННСК-и Қулмаи ноҳияи Мурғоб, 1-адад ҳароратсанҷаки дистансионии бадан, 4-адад ҳароратсанҷ, 4- воситаҳои фардии муҳофизатии вижа ва маводҳои безараргардониву ниқобу дастпӯшак ба таври кофӣ мавҷуд мебошад", - омадааст дар хабарнома.

Тибқи иттилои манбаъ, ба беморхонаи марказии ноҳияи Мурғоб 25-воситаҳои фардии муҳофизатии махсус, 1350-дастпӯшак, 70-респератор, 400-ниқоб, 2-хилъат, 12-пробирка барои гирифтани намуна барои ташхис дастрас гардонида шудаанд.

Феълан дар беморхонаи Конақурғон 15 нафар ва дар касалхонаи ноҳиявӣ 4 нафар дар карантин буда таҳти назорати табибон қарор доранд.

"То ин замон дар ягон нафари онҳо нишонаҳои бемории "коронавирус" пайдо нагардидааст", - қайд кардааст мақомот.

Тибқи дастури Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Тоҷикистон ҳар нафаре, ки аз Чин вориди Тоҷикистон мешавад 14 рӯз бояд дар зери назорати табибон қарор гирад.

Вазъият дар зери назорати қатъии Раёсати тандурустӣ ва сохторҳои он қарор дода шудааст ва дар нохия ситоди доимоамалкунанда фаъолият карда истодааст.

Лентаи хабарҳо
0