ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Чин иттилоъ медиҳад, ки феълан замон дар шаҳри Вухани музофоти Хубэй — маркази пайдоиш ва паҳншавии коронавируси шакли нав 48 шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд.
Дар ин бора ба АМИТ "Ховар" дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин хабар доданд.
Таҳдиди биологӣ: дар бораи коронавируси нав аз Чин, чӣ маълум аст - навор
Тибқи маълумоте, ки сафорат имрӯз, 27 январ (соати 19.30 ба вақти Пекин), дастрас намудааст, айни замон 48 нафар шаҳрвандони Тоыикистон дар музофоти болозикр қарор доранд.
"Ҳамаи онҳо донишҷӯёни муассисаҳои олии музофоти Хубэй мебошанд, ки бо Сафорат дар тамос шудаанд ва ё дипломатҳои тоҷик тавассути WeChat бо онҳо алоқа барқарор намудаанд", - омадааст дар хабарнома.
Мавриди зикр аст, ки миёни беморони коронавируси шакли нав шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд.
Ҳукумати Чин барои пешгирии паҳншавии беморӣ тамоми чораҳоро дида истодааст.
Сафорати Тоҷикистон бо мақомоти давлатии марбутаи Чин дар тамоси доимӣ буда, ҳамчунин ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар маркази пайдоиш ва паҳншавии беморӣ қарор доранд, дар доираи имкониятҳо мадад расонида истодааст.