Тибқи маълумоти СУТ, 7834 ҳолати сирояти 2019-nCoV тасдиқ карда шудааст, ки 7736 нафари онҳо дар Чин мебошанд. Ин тақрибан 99%-и ҳамаи ҳолатҳои бақайдгирифташуда дар тамоми ҷаҳонро ташкил медиҳад, — илова намуд Гебрейесус.
Дар Чин беш аз 170 нафар қурбони вирус гашт.
Ёдрас мешавем, ки авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Ухан хабар доданд.
Маълум шуд, чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар Вухани Чин қарор доранд
Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошадНахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Ухани Чин пайдо карданд.
Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид. Феълан гирифторони короноврус дар Таиланд, Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур, ИМА, Ҷопон ва Ветнам ба қайд гирифта шудаанд.
Донишҷӯи тоҷик аз даҳшати коронавирус дар Чин гуфт: "шаб намебароем, рӯз танҳо бо таксӣ "
Як бемори дигарро дар Австралия бо шубҳаи вируси тоҷдор бистарӣ карданд. Дар Русия ва Белорус низ чанд нафарро ба вируси тоҷдор шабҳа карданд, аммо тасдиқ нашуд.
Кишварҳои зиёде дар фурудгоҳҳо ташхисҳои иловагӣ ҷорӣ мекунанд. Ҳоло, дар Чин шаҳри Ухан ва Хуанганро бастаанд. Даромад ва баромад ба ин шаҳрҳо маҳдуд шудааст, нақлиёти ҷамъитӣ ва чанд иншоот дар шаҳр муваққатан аз фаъолият бозмондааст.
Шаҳрҳои калони Чин таҳти назорати шадид қарор доранд.
То ҳол пизишкон роҳҳои пешгирӣ ва ваксинаеро аз короновирус наёфтаанд. Нишонаҳои бемориро таби баланд, сулфа ва нафасгирии мушкил гуфтаанд.








