Порахӯрию тамаъкорӣ дар гузаргоҳи Қулма: ҳушдори генерал Мирзонаботов

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми рутбадиҳӣ ба Алишер Мирзонаботов, муовини аввали раиси ВМКБ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми рутбадиҳӣ ба Алишер Мирзонаботов, муовини аввали раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Генерал Алишер Мирзонаботов, ноиби аввали раиси Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон ба мақомдороне, ки дар гузаргоҳҳои сарҳадии “Қулма” ва “Қизиларт” ришвахӯрию тамаъҷӯӣ мекунанд, ҳушдор дод

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Мирзонаботов зимни ҷаласаи машваратӣ бо ҳузури мақомдорони вилоят аз фасодкорӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадии “Қулма” ва “Қизиларт” нигаронӣ карда, ба мақомот барои ҷилавгирии он дастур дод.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
“Нанотехнологияи тоҷикӣ”: номгузории Президент ба порахӯрҳо ва суҳбат аз Раҷабзодаи дигар

Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, Мирзонаботов зимни таъкид ба фасодкорӣ дар гузаргоҳҳо муроҷиати зиёди шаҳрвандон ва тоҷиронро далел овард.

“Алишер Мирзонаботов бо такя ба муроҷиати зиёди шаҳрвандону тоҷирони ватанӣ дар мавриди ворид намудани молу мавод тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии “Қулма” ва “Қизиларт” ва ҷой доштани ришвахӯрии кормандони ин гузаргоҳҳо изҳори нигаронӣ кард. Муовини якуми раиси вилоят сохторхои марбутаро таъкид намуд, ки пеши роҳи амалҳои таъмаҷӯёна дар гузаргоҳҳо гирифта шавад. Дар акси ҳол, нисбати онҳо чораҳои қонунӣ дида хоҳанд шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Ёдгор Файзов, иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Иқрори раис: таъини хешу табор ва ришваситонӣ дар Бадахшон ҳам зиёд аст

Дар машварат хабар дода шуд, ки соли 2019 тавассути гузаргохи сарҳадии “Қулма”  дар марз бо Чин берун шудани  4 ҳазору 149 адад воситаҳои нақлиёти ватанӣ ба қайд гирифта шуда, дар ҳаҷми 3396 тонна борҳои мухталиф, аз чумла 1523 тонна пахта, 367 тонна пӯст, 1112 тонна санги мармар ва 350 тона хокаи нуқра интиқол дода шудааст.

Тавассути дидбонгоҳи “Қизиларт” бошад, дар ин муддат 38 адад нақлиёти боркаш гузар намуда, интиқоли 1056 тонна ангиштсанг ва 5 тона маводи дигари ниёзи мардум сурат гирифтааст.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз фасодкории густурда дар гузаргоҳҳо дар марз интиқод карда, барои бартараф кардани он дастур дода буд.

Лентаи хабарҳо
0