ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Раисиҷумҳур дар исботи ин иддао аз гузаргоҳи гумрукии “Панҷи поён” зикр кард, ки гарчанде бо муосиртарин технология муҷаҳҳаз шудааст, тавассути он ҳазорҳо тонна бор тариқи қочоқ ба фоидаи ҷайби сардори гузаргоҳ ва сарҳадот гузаронда мешавад.
Раҳмон як ҳолати фасодкории Ориф Раҷабзодаро ба маблағи беш аз як миллион сомонӣ зикр кард, ки ба гуфтаи худи раисиҷумҳур яке аз ҳазор мебошад. Ба нақли раисиҷумҳур, Раҷабзода Ориф, собиқ сардори гузаргоҳи Панҷи Поён, моҳи сентябри соли 2018 мехост дар се шабонарӯз 1 ҳазору 25 тонна шакарро бе пардохти боҷи гумрукӣ вориди кишвар созад, аммо баъди ошкор шудани ин ҳолат ба буҷа 1 миллиону 250 ҳазор сомонӣ пардохтҳо ворид гардиданд.
Раисиҷумҳур таъкид намуд, ки ин яке аз ҳазорҳо ҳолат мебошад ва иттилоъ дод, ки Ориф Раҷабзода аз соҳа пеш карда шуд. “Бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд”, - дастур дод Раҳмон баъди нақли як ҳолати фасодкории Раҷабзода ба маблағи беш аз як миллион сомонӣ.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон асосан ду роҳи қочоқи мол дар ҳаҷми зиёд дар кишвар роиҷ аст.
“Ду роҳи қочоқ вуҷуд дорад. Якум вақте як мошин мегузарад, камера сабт мекунад. Рақамҳои мошини гузаштагиро гирифта дар мошинҳои дуюму сеюм насб мекунад. Дар асл ду мошин гузашт, аммо як мошин сабт мекунанд. Роҳи дигар вақте дар дидбонгоҳ мол ворид мешавад, дар терминал бо соҳиби мол забон як карда, арзиши онро дигар мекунанд ва чи хеле хоҳанд нарх мегузоранд”, - нақл кард Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки дар ҳуҷҷат як чиз аст, дар дохили мошин тамоман чизи дигар. Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуд, ки ин қочоқкориҳо бо мусоидати кормандони воломақоми гумрук сурат мегирад.
Ин шеваи қочоқкории мақомдорони тоҷик дар ҳолест, ки қаблан фарқият миёни омори Тоҷикистон ва Чин дар мавриди додугирифти мол миёни ду кишвар дар ҳаҷми садҳо миллион доллар фарқ мекард. Дар ҳоле, ки мақомоти Чин ҳаҷми додугирифти мол бо Тоҷикистонро беш аз ду миллиард доллари амрикоӣ мегуфтанд, мақомоти тоҷик ҳаҷми ин додугирифтро ҳудуди 600-700 миллион доллар арзёбӣ мекарданд.
Дар ин робита Эмомалӣ Раҳмон ахиран дастур дод, ки минбаъд аз кишварҳои воридкунандаи мол ба Тоҷикистон дар бораи нарху номгӯи мол маълумот дархост карда шавад. Ӯ аз сохтакории ҳуҷҷатҳо дар Тоҷикистон интиқод намуда, мисол овард, ки дар ҳуҷҷат мехчаю болту гайка сабт шудааст, аммо вақте мекушоянд дар мошинҳо мол, матоъ, либос аст.