Муаррифии раиси нави ноҳияи Спитамен

© сомонаи ҳукумати вилояти СуғдРаҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ҳангоми муаррифии
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ҳангоми муаррифии  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияро муаррифӣ кард

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Аҳмадзода зикр кард, ки бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, Сулаймонзода Акрам Раҳим бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Спитамен озод гардида, Темурҷон Нуъмонзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен таъин гардид.

Муаррифии раиси нави шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим  - Sputnik Тоҷикистон
Муаррифии раиси нав: иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара кист?

Котиботи раиси вилояти Суғд иттилоъ дод, ки Темурҷон Нуъмонзода 1 марти соли 1984 таваллуд шудааст. Темурҷон Нуъмонзода аз рӯи ихтисос ҳуқуқшинос буда, дар солҳои гуногун дар вазифаҳои раиси раёсати кооперативи истеҳсолии “Миркамолов Темурҷон” ва сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд кор кардааст. Аз соли 2016 то инҷониб дар вазифаи сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд фаъолият дошт.

Дар идома Раҷаббой Аҳмадзода ба Сулаймонзода Акрам Раҳим​ барои фаъолияти пурсамараш ба ҳайси раиси ноҳияи Спитамен изҳори сипос намуда, ба Темурҷон Нуъмонзода баҳри иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо таманно кардаст.

Таъкид гардидааст, ки роҳбарияти ноҳия бояд ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва татбиқи ҳадафҳои пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумат талош намояд.

Лентаи хабарҳо
0