Муаррифии раиси нав: иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара кист?

Обуна шудан
Ахиран дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни муаррифӣ ба Сулаймонзода Акрам Раҳим раиси нави шаҳри Исфара барои тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, таъмини рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, маорифу фарҳанг, тандурустӣ, истифодаи самараноки обу замин, татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастгирии ятимону ниёзмандон дастуру супоришҳо дода шуд.

Кадровые изменения в правительстве Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Нашри амру фармонҳои президент ва қарорҳои Ҳукумат: тағйироти кадрӣ

Ёдовар мешавем, ки бо Фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 27 январи соли 2020 Саломзода Сиҷоуддин бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Исфара озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Сулаймонзода Акрам Раҳим иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара таъин гардид.

Сулаймонзода Акрам Раҳим соли 1963 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, дорои маълумоташ олӣ. Соли 1986 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2010 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Сулаймонзода Акрам Раҳим дар солҳои гуногун ба ҳайси директори хазинадори марказии Вазорати молияи Тоҷикистон, сардори шуъбаи молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, муовини вазири энеретика, муовини вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон, раиси ноҳияи Абдураҳмон Ҷомии вилояти Хатлон фаъолият дошт. 

Аз соли 2016 то январи соли 2020 раиси ноҳияи Спитамен буд.

Лентаи хабарҳо
0