Имкони пуркунии фаврӣ ва бе фоизи суратҳисоби симкортҳои Тоҷикистон аз Русия

© PixabayРазговор по телефону, архивное фото
Разговор по телефону, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
“Сбербонк”-и Русия хабар дод, ки бидуни гирифтани фоиз имкони пур кардани суратҳисоби симкортҳои ҳамаи ширкатҳои мобилии Тоҷикистонро фароҳам овард

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Ҳамаи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ба низоми пардохти “Сбербонк” пайваст шуда, имкон фароҳам гардидааст, ки ҳаққи хадамоти мобилии ширкатҳои Tcell, "Мегафона", Zet-Mobile и Babilon-Mobile бидуни гирифтани фоиз пардохт гардад.

Витрина с сотовыми телефонами. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
80 дирамӣ аз ҳар симкорт: Хадамоти зидинҳисорӣ баъди 5 сол асоснокиашро пурсид

Мизоҷони “Сбербонк” метавонанд аз Русия ва кишварҳои хориҷ суратҳисоби мизоҷони ҳамаи ширкатҳои мобилиии Тоҷикистонро бо истифодаи замимаи онлайнӣ ё банкоматҳо пур кунанд.

Дар бонк тавзеҳ доданд, ки нахуст моҳи ноябри соли гузашта ширкати Tcell-ро ба низоми пардохташон пайваст карданд ва ба далели зиёд будани талабот чунин хадамотро барои ҳамаи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон фароҳам оварданд.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон низ бар асоси қонунгузорӣ пур кардани суратҳисоби телефонҳо бояд бидуни гирифтани фоиз амалӣ шавад, аммо дар аксари банкоматҳо барои ин амал ҳаққи муайян ситонда мешавад.

Қаблан "Сбербонк", аз фароҳам шудани имкони интиқоли пул ба Тоҷикистон тариқи рақами телефони мобилӣ хабар дода буд. Ба иттилои манбаъ, мизоҷони замимаи “Сбербанк Онлайн” метавонанд ба воситаи рақами телефон маблағро ба кортҳои бонкие гузаронанд, ки ба ин рақамҳо пайваст мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0