ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Абдулмаҷид Муминзод сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, Хадамот дирӯз ба ҳамаи ширкатҳои мобилӣ, инчунин ба Хадамоти алоқа мактуб равон кард, то ки онҳо ин масъаларо асоснок намоянд.
“Умедворем давоми як моҳи дигар ин масъала пурра таҳлил мешавад ва мо аз он натиҷагирӣ хоҳем кард”, - гуфт вай
Масъулини хадамоти зиддиинҳисорӣ қайд карданд, ки таҳлили ин масъала пас аз шикоятҳои зиёди мардум сурат гирифтааст.
Суҳбати муовини Бег Сабур дар бораи сабти симкортҳо бо шиносномаҳои нав
Масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ таъкид доштанд, ки аз ҷониби хадамоти алоқа санади асосноккунӣ пешниҳод гардидааст, аммо бо дарназардошти муроҷиатҳо зиёд Хадамот бояд ин масъала таҳлил намояд.
Ёдрас мешавем, ки ҳанӯз соли 2015 ширкатҳои мобилии Тоҷикистон муштариёнашонро огоҳ карда буданд, ки минбаъд ҳар моҳ аз ҳар симкорти фаъол 80 дирами иловагӣ ситонда мешавад.
Тибқи иттилоияи ширкатҳои мобилии ТСЕЛЛ, Вавилон, Мегафон ин иқдом аз 1-уми июли соли 2015 амалӣ шуда, дар асоси супориши мақомоти давлатии Тоҷикистон сурат мегирад.
Он замон ширкатҳо мобилӣ таъкид доштанд, ки “дар асоси фармоиши Хадамоти алоқа ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 1-уми июли соли 2015 пардохти муштарипулии ҳармоҳа барои истифодаи рақам 80 дирам ситонда мешавад”.
Тибқи иттилои расмӣ, дар кишвар феълан ҳудуди 6,8 миллион симкорти фаъол дар дасти мардум мебошад. Аз ин бармеояд, ки дар пайи роҳандозии пардохти нав ҳар сол беш аз 62 миллион сомонӣ аз кисаи мардум гирифта шуда, ба буҷаи давлат ворид мегардад.